Паёми ҳамдардӣ ва ҳамроҳии Озарахшу Фарзона бо мардуми Эрон
-
Озарахш ва Фарзона, шоирони мардумии Тоҷикистон
Толиби Озарахш ва Фарзонаи Хуҷандӣ, шоирони мардумии Тоҷикистон дар паёме ба сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон, ҳамдардӣ ва ҳамроҳии худро бо мардуми Эрон баён карданд.
Матни паём ба шарҳи зер аст:
Ба Сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби оқои Алиризо Ҳақиқиён.
Устоди арҷманд,
хабари фоҷеаи мудҳиши Эрон дили моро ханҷору хуншор кард. Умедворем ки зуд ин шақовату бадбахтиҳо поён меёбанду пушти хотираҳо ғайб мезананд.
Хонаи дӯст куҷост? Мегӯяд Суҳроби Сипеҳрӣ. Шабу рӯз дуо мекунем, ки хонаи дӯст дар амон бошаду Эрони азизи мо мазҳари оромишу рифоҳи ҷовидон бимонад. Хешону пайвандону ҳамнажодону ҳамзабонону ҳамдинону ҳамдилони мо эмин аз газанду мавҷхези ҳаводис, ҳаёти ором ба сар баранд ва зиндагии фархундаро дуруд гӯянд.
Аз Худованди Корсоз мехоҳем, ки зуд ба куҳанмарзи бостони мо муждаи имдоду пайки наҷот фиристад.
Имрӯз ҳамеша бошаҳомат бошӣ,
Эрони шарифи мо саломат бошӣ!
Бо муҳаббат ва дуои мудом, Озарахшу Фарзона.