Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури дохилии Русия
(last modified Tue, 28 May 2024 06:57:19 GMT )
Май 28, 2024 11:57 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури дохилии Русия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Колоколсев, вазири умури дохилии федератсияи Русия дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, рӯзи душанбе дар кохи Миллат, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Колоколсев, вазири умури дохилии федератсияи Русия, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору гуфтугӯ кард.

 Дар ин гуфтугӯ вазъият ва чашмандози ҳамкории байни ниҳодҳои муҷрии қонуни Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзӯъоти муҳими дуҷониба мавриди баҳсу баррасӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи муҳоҷирати корӣ ва амният дар дастури кор қарор гирифт.

 Раисҷумҳури Тоҷикистон бар аҳамияти тақвияти бештари равобити байни вазоратхонаҳои умури дохилӣ ва низ натоиҷи муассири кори муштараки сохторҳои зирабти ду кишвар дар ростои пешгирӣ ва кашфи ҷароим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷароими созмонёфтаи фармиллӣ таъкид кард ва аз талоши тарафҳо барои иҷрои тавофуқоте, ки ахиран дар болотарин сатҳ дар заминаи ҳалли мушкилоти ҳавзаи муҳоҷират ҳосил шудааст, ибрози ризоят кард.

 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин нишаст бар аҳамияти анҷоми тамоми иқдомоти лозим барои тақвияти ҳимояти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ аз муҳоҷирони ҷуёи кори тоҷик, ки дар хоки Русия ҳастанд, таъкид кард.

 Гуфтанӣ аст, вазири умури дохилии федератсияи Русия ба ҳамроҳи як ҳайати баландпояи давлатӣ барои баргузории даври баъдии музокирот перомуни маҷмӯъи мавзӯъоти ҳамкорӣ байни тарафҳо дар заминаи муҳоҷират ба Душанбе сафар кардааст.