Январ 11, 2017 10:44 Asia/Dushanbe
  • Омӯзишҳои ғайриқонунии мазҳабии беш аз 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ

Муовини раиси Кумитаи умури дини Тоҷикистон гуфт, 3 ҳазору 493 шаҳрванди ин кишвар дар марокизи мазҳабии хориҷӣ омӯзишҳои ғайримуҷоз дидаанд.

Ба иттилои Авесто, Ҷумъахон Ғиёсов дар нишасти хабарии ахири ин кумита дар Душанбе афзуд, дар паи андешидани тадбирҳои муассир, давлати Тоҷикистон муваффақ ба бозгардондани 3 ҳазору 210 нафар аз ин афрод ба кишвар шудааст, аммо аз ин теъдод, 92 нафар дубора ба маҳалҳои қаблии омӯзишҳои ғайримуҷози мазҳабии хориҷӣ бозгаштаанд .

Вай таъкид кард, танҳо дар соли гузашта 43 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марокизи омӯзишҳои ғайримуҷози мазҳабии хориҷӣ ҳузур доштанд, ба кишварашон бозгардонда шудаанд .

Мақомоти ин ниҳоди давлатӣ муътақиданд, ки теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марокизи мазҳабии хориҷӣ омӯзишҳои ғайримуҷоз дидаанд, таҳти таъсири афкори мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ ба узвияти ДИИШ даромада ва ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Аммо ба далели ҳамкории хонаводаҳо ва ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон теъдоде аз ин афрод ба кишварашон бозгардонда шудаанд .

Ҳамчунин иддае аз ҷавонони тоҷик, ки дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекарданд, ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ гирифтор шуда ва ба Сурияу Ироқ рафтаанд .