Интиқоди муфтии Маскав аз бетаваҷҷуҳии Тоҷикистону Узбакистон нисбат ба муҳоҷирон
Муфтии мусалмонони Маскав Тоҷикистону Узбакистонро ба бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба сарнавишти муҳоҷирони ин ду кишвар дар Русия муттаҳам кард.
Ба гузориши “Спутник”, Элдор Алоуддинов таъкид кардааст, ки ноошноӣ бо забони русӣ, бетаваҷҷуҳӣ ба мутолиаи китобҳои динӣ, надоштани дарки муносиб аз хутба ва мавъизаҳои мазҳабӣ дар масҷидҳои Маскав сабаб шудааст, то муҳоҷирони ҷавони тоҷикистонию узбакистонӣ аз тарбияти саҳеҳ барканор бимонанд. Муфтии Маскав бо ишора ба дидори худ бо сафирони Тоҷикистон, Узбакистону Қирғизистон ва дархости ҳамкорӣ аз онҳо барои тарбияти саҳеҳи мазҳабии муҳоҷирони ин ҷумҳуриҳо дар қаламрави Русия афзуд, дар миёни ин се кишвар танҳо Қирғизистон ба ин пешниҳод таваҷҷуҳ ва ду имомхатибро ба Русия эъзом кард, то дар масҷидҳои ин кишвар муҳоҷирони қирғизро таҳти тарбияти Исломи саҳеҳ қарор диҳанд. Алоуддинов гуфт, ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба ин пешниҳод ҳеҷ таваҷҷуҳе накарда, мақомоти Узбакистон низ ба ин баҳона, ки муҳоҷирони ин кишвар ба таври муваққат дар Русия ҳузур доранд, аз ҳамкорӣ бо идораи муфтиёти Маскав саркашӣ кардаанд.
Элдор Алоуддинов аз Кумитаи умури динӣ, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон хост, ки ба сарнавишти муҳоҷирони ин кишвар бетафовут набошанд, зеро идомаи ин раванд метавонад заминаи гароиши ин афродро ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дурӣ аз ахлоқи исломиро фароҳам кунад.