Январ 30, 2017 19:40 Asia/Dushanbe
  • Мушкилоти мардуми Тоҷикистон дар заминаи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ

Бо вуҷуди бархурдорӣ аз манобеи азими об мардуми Тоҷикистон бо маҳдудиятҳои шадиди оби ошомиданӣ мувоҷеҳанд.

Алимурод Исломзода, раиси КВД "Обу корези Душанбе" гуфт, 42.4 дарсади ҷамъияти ин кишвар аз шабакаи оби ошомидании солим маҳрум ҳастанд. Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Алимурод Исломзода таъкид кардааст, барои таъмини ҷамъияти 8,7-миллионнафарии Тоҷикистон бо оби ошомидании солим ба ду миллиард доллар қарз ниёз доранд.

Маҳрум будани беш аз чиҳил дарсади сокинони Тоҷикистон аз оби ошомидании солим дар ҳоле аст, ки бештар аз нисфи оби тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегирад, аммо дар худи ин кишвар мардум аз оби ошомидании солим маҳрум ҳастанд. Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба унвони кишвари бархурдор аз манобеи азими оби ширин ба андозаи як кишвари дорои манобеи азими энержӣ, нафти хом ва ё гази табиӣ аст. Аммо заъфи мудирият ва набудани сармояи лозим ба манзури ҳалли мушкилоти оби ошомиданиро бояд аз муҳимтарин мушкилоти Ҳукумати Тоҷикистон қаламдод кард. Дар айни ҳол, набудани дониши фаннии лозим барои роҳандозии тарҳҳои марбут ба энержии обӣ ва ҳаллу масоили марбут ба таъмини оби ошомиданӣ аз мушкилоти умдаи давлати Душанбе дар ин замина аст. Бо вуҷуди ин дар асри 21 ин мушкилотро набояд буҳрони асосии як кишвар қаламдод кард ва ин гуна мушкилоти дохилӣ барои ҳар кишвар роҳҳалҳое низ дорад. Ба унвони мисол, Тоҷикистон метавонад бо истифода аз таҷрибаи дигар кишварҳо, аз ҷумла Эрон, ҳамон гуна ки дар дигар лоиҳаҳо, назири роҳандозии нерӯгоҳи "Сангтӯда" ва ағбаи "Анзоб" истифода кард, дар заминаи таъмини оби ошомиданӣ низ мушкилоти худро ҳаллу фасл кунад.

Бисёре аз кишварҳои минтақа моил ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаи манобеи энержии обӣ ҳастанд. Тоҷикистон зимни тавлиди барқ аз манобеи оби ширини худ метавонад камбудиҳои тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро бо оби ошомиданӣ таъмин намояд. Бадеҳист, ки таҳаққуқи ин амр ба мудирияти кишвар марбут аст ва давлати ҳоким бар Душанбе барои ҳалли ин мушкил бояд аз иродаи сиёсии лозим низ бархурдор бошад.

Дар ин иртибот Туркманистон низ ба манзури ворид шудан ба ҳамкорӣ дар ростои энержии минтақа, ҳамчунин таъмини ниёзҳои дохилии худ бо оби ошомиданӣ талош мекунад, дар бархе тарҳҳои марбут ба оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон мушорикат дошта бошад. Дар ҷараёни ҳафтумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои Душанбе ва Ашқобод мавзӯи ҳамкориҳои ду тараф дар тамоми замина мавриди таъкиди тарафайн қарор гирифт. Дар ҷараёни нишасти рӯзи шанбеи гузашта дар Ашқобод бар азми ҷиддии Тоҷикистону Туркманистон ҷиҳати густариши ҳарчи бештари муносиботи ду тараф дар тамоми заминаҳо таъкид шуд. Дар воқеъ, бо таваҷҷуҳ ба вуруди Тоҷикистону Туркманистон ба ҳамкориҳои минтақаӣ Туркманистон низ имкони онро дорад, ки дар заминаи сармоягузорӣ дар манобеи оби Тоҷикистон мушорикат дошта бошад. Дар муқобил Туркманистон метавонад ниёзҳои оби ширини худро аз Тоҷикистон таъмин намояд.