Феврал 22, 2017 18:53 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густурдаи баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар расонаҳои Фаластин

Баёноти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар оғози шашумин конфронси байналамилалии “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин” дар Теҳрон дар расонаҳои Фаластин бозтоби густурдае доштааст.

Шабакаи телевизионии “Фаластин ал-явм” дар пойгоҳи интернети худ ба нақл аз ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ овардааст: “Ҳимоят аз муқовимати Фаластин воҷиб аст ва мардуми ин сарзамин раҳбари ҳақиқии мубориза ҳастанд”. Дар гузориши шабакаи телевизионии “Фаластин ал-явм” омадааст, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба исботи нодурусти тарҳҳои қаблии созиш ва талошҳои дӯстнамое, ки ба дунболи инҳирофи муқовимату интифоза ҳастанд, таъкид карданд: “Интифозаи сеюм шикасти дигар бар режими ғосиби Исроил таҳмил хоҳад кард ва талош барои озодии Фаластин бояд меҳвари ваҳдати ҳама миллатҳои мусалмону озодихоҳ бошад”.

Хабаргузории Фаластин, “ал-Қудс” дар матлабе зери сарлавҳаи “Интифозаи Қудс мазлум аст”, ба нақл аз Оятуллоҳ Хоманаӣ навишт, “дар ҳеҷ марҳалае аз таърих ҳеҷ як аз миллатҳо ба монанди миллати Фаластин даргири чунин тавтеаи фаромитақаӣ нашудааст, ки мардум аз хона ва кошонаи худ ронда шаванду ба ҷойи онҳо гурӯҳи дигар аз гӯшаҳои ҷаҳон сарзаминашонро ғасб кунанд ва мавҷудияти қалбакӣ ба он бидиҳанд”.

Хабаргузории «Фаластини озод» ҳам дар гузорише аз шашумин конфронси “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин” дар Теҳрон навишт, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо ишора ба падидор шудани нишонаҳои заволи режими саҳюнистӣ ва заъфе, ки ба муттаҳидони аслии он, бавижа Амрико ҳоким шудааст, афзуданд: “Фазои ҷаҳонӣ ба самти муқобила бо рафторҳои ғайриқонунию ғайриинсонии режими саҳюнистӣ дар ҳаракат аст, ки албатта, ҳанӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа натавонистаанд ба масъулияти худ дар баробари ин масъалаи инсонӣ амал кунанд”. Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи интернетии “Фаластин алъон” дар гузорише аз конфронси Теҳрон овардааст, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба аҳамияти ҷойгоҳи масъалаи Фаластин хотирнишон карданд: “Бо вуҷуди ихтилофоте, ки кишварҳои исломӣ бо якдигар доранду бархе аз онҳо табиӣ, бархеи дигар тавтеаи душман ва бархеи дигар аз ғафлат сарчашма мегирад, ҳамчунон унвони Фаластин метавонад ва бояд меҳвари ваҳдати ҳамаи онон бошад”.

Рӯзномаи “Фаластин”, чопи Ғазза низ ба нақл аз Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ навишт, “дармони режими саҳюнистӣ ба унвони ғуддаи саратонии марҳалае аст, ки чанд интифоза ва муқовимати пайгиру самаранок тавонистааст мароҳили нобудии Исроилро фароҳам кунад ва ҳамчунон то замони озодии комили Фаластин ба пеш метозад”.

Пойгоҳи интернетии хабаргузории “Само”-и Фаластин ҳам ба он бахш аз баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таваҷҷуҳ дошт, ки фармуданд: “Муқовимат ва Фаластин, арзишмандтар ва волотар аз он аст, ки дар ихтилофоти миён кишварҳои исломӣ ва арабӣ, ё ихтилофоти дохилии кишварҳо, ё ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ даргир шавад ва фаластиниён, бахусус гурӯҳҳои муқовимат бояд қадри ҷойгоҳи арзишманди худро бидонанду ба ин ихтилофот вуруд накунанд”.

Шашумин конфронси байналмилалии “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин” бо баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва ҳузури мақомоту шахсиятҳои сиёсии 80 кишвари ҷаҳон субҳи сешанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард. Беш аз 700 меҳмони хориҷӣ дар ин конфронси дурӯза ҳузур доштанд.

 

Барчасп