Амалкарди созмони ЭКО аз нигоҳи коршиноси тоҷик
(last modified 2017-03-02T16:16:23+00:00 )
Март 02, 2017 21:16 Asia/Dushanbe

Коршиносони тоҷик фаъолияти Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии мавсум ба ЭКО-ро заиф ва ташрифотӣ арзёбӣ мекунанд, ки ниёз ба тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо дорад.

Саъдии Юсуфӣ, таҳлилгари масоили минтақаӣ дар Душанбе муътақид аст, ки созмони мазкур ба роҳандозии як ҳамкориҳои қавӣ ва устувори иқтисодӣ миёни аъзои худ ниёз дорад. Оқои Юсуфӣ қарор гирифтани аъзои ин созмон дар ҷабҳабандиҳои мухталифи ҷаҳонӣ ва вуҷуди ихтилофи манофеъ дар байни аъзои ин созмонро аз далоили асосии заъфи амалкарди созмони ЭКО дар тӯли солҳои гузашта арзёбӣ кард.

Ин коршиноси тоҷик фаъолияти Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ин созмонро аз назари манофеи иқтисодӣ зарурӣ хонду таъкид кард, кишварҳои Осиёи ҷанубӣ бозори хубе барои содироти нерӯи барқи арзони Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ рӯзи гузашта дар Исломободи Покистон ба поён расид. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст дархост кард, ки дар доираи фаъолияти созмон як барномаи мукаммали ҳамдастии кишварҳои аъзои он ба хотири паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва дастгирии ҳамдигар дар мавриди сар задани ҳолатҳои фавқуллода тарҳрезӣ ва татбиқ гардад.Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар ин нишаст хостори  татбиқи тарҳҳои инфрасохтории муштарак ҷиҳати пайвастшавии шабакаҳои нақлиётӣ ва энержии кишварҳои аъзои ин созмон шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина хостори иҷро шудани ҳар чӣ зудтари тарҳи хати баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000 шуд, ки тарҳи мазкур хати интиқоли нерӯи барқ миёни Осиёи Марказӣ бо Осиёи ҷанубиро пайванд мезанад.

Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир саҳми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ беш аз 36 дар садро ташкил медиҳад.