Апрел 01, 2017 20:50 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як тоҷик бо мошини консули собиқи Тоҷикистон дар Русия
    Боздошти як тоҷик бо мошини консули собиқи Тоҷикистон дар Русия

Касе, ки баъди тирпарронии шоми 31 март мехост бо мошини дипломатии мутааллиқ ба собиқ консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург фирор кунад, Асрор С. ном дошта, боздошт шудааст.

Ба иттилои сайти Росбалт, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон асрор С. шоми 31 март, соати тақрибан 20 дар назди бинои рақами 69-ум дар кӯчаи Благодатная дар ҷарёни муноқиша ба тарафи як марди 29-сола, ки шаҳрванди ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистон будааст, аз пистолети травматикии "ТТ Лидер” чанд тир паррондааст. Баъди ин ӯ дар як мошини "Mercedec S350” бо рақамҳои дипломатӣ талош кардааст, ки аз ҷои ҳодиса фирор кунад, вале дар назди истгоҳи метрои "Парк Победы " дастгир шудааст.

Нафареро, ки дар тирпарронии шоми гузашта аз ноҳияи зонуяш тир хӯрда буд, алакай аз бемористони Пажӯҳишгоҳи Ёрии таъҷилӣ”-и ба номи И.И.Ҷанелидзе ҷавоб додаанд.

Гуфта мешавад, ин мошини дипломатӣ ба собиқ консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Назар Мирзода рабт дорад.

Назар Мирзода, аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2017 консули ифтихории Тоҷикистон дар Петербург буд.

Аммо имсол Тоҷикистон дар Петербург консулгарии умумӣ боз кард ва ду ҳафта пеш Давлаталӣ Назризода ба ҳайси консули комилҳуқуқи Тоҷикистон дар ин шаҳр консули ифтихорӣ Назар Мирзодаро иваз кард.

Пулиси Петербург дар бораи ин қазия то ҳол расман хабаре нашр накардааст. Худи Назар Мирзода низ дар бораи ин моҷаро ҳанӯз изҳори назар накардааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, ки гузоришҳо дар бораи боздошти мошини гӯё марбут ба собиқ консули ифтихории ин кишварро таҳқиқ мекунанд.

 

Барчасп