Апрел 15, 2017 10:30 Asia/Dushanbe
  • Гулмурод Ҳалимов дар сафи ифротгароён ба унвони
    Гулмурод Ҳалимов дар сафи ифротгароён ба унвони "Ат-Тоҷик" шинохта мешуд.

“Вазири ҷанг”-и ДИИШ дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар бахши ғарбии Мусил кушта шуд.

Рӯзномаи “Таймс” рӯзи шанбе аз марги Гулмурод Ҳалимов, яке аз фармондеҳони аршади ДИИШ дар як ҳамлаи ҳавоии мушакӣ дар Мусили Ироқ хабар дод.

Гулмурод Ҳалимов, ки дар сервисҳои иттилоотии Иёлоти муттаҳидаи Амрико омӯзиш дида буд, пас аз пайвастан ба террористҳо дар Сурияву Ироқ, масъули барномарезии ҳифозат аз ҷангиёни ДИИШ дар Мусил буд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи полиси зиддишӯриш дар Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои вижаи Шӯравии собиқ оғоз ба кор карда буд. Вай аз соли 2003 то 2008 дар горди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон адои хидмат кардаву дар як давраи омӯзишии вижа дар пойгоҳи низомии амрикоии “Блок Вотер” ширкат доштааст.

Гулмурод Ҳалимов дар баҳори соли 2015 нопадид шуд ва чанд моҳи баъд дар филмҳои интернетӣ зоҳир шуду иддао кард, ки ба ДИИШ пайвастааст.

Гулмурод Ҳалимов дар сафи ифротгароён ба унвони "Ат-Тоҷик" шинохта мешуд ва дар листи афроди таҳти таъқиби пулиси байналмилалии Интерпол қарор дошт.