Апрел 24, 2017 09:50 Asia/Dushanbe
  • Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳатман тамоми унвонҳои раисиҷумҳурро бинависанд

Кормандони расонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон муваззаф шудаанд, тамоми лақабҳо ва унвонҳои раисиҷумҳури ин кишварро дар ахбор ва гузоришҳои худ зикр кунанд.

Ба гузориши сомонаи ТопТҷ, аз ин пас тамоми расонаҳои хабарии давлатӣ дар Тоҷикистон, бояд унвон ва лақабҳои комили Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳурии ин кишварро ба шакли “мӯҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” дар матолиби худ зикр кунанд.

Қаблан аксари расонаҳои давлатӣ бо зикр унвони “Ҷаноби олӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон" иктифо мекарданд, аммо акнун бар асоси дастури ҷадид, бояд таркиби “мӯҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” истифода шавад.

Дар хабаргузории давлатии “Ховар”, унвон ва лақабҳои Эмомалӣ Раҳмон “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон” эълом мешавад.

Дар ҳоли ҳозир таркиби “Ҷаноби олӣ”, ки қаблан мавриди истифода қарор мегирифт, камрангтар шуда ва ба ҷои он таркиби "“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон” истифода мешавад.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов- коршиноси тоҷик таъкид мекунад, дар қонуни матбуот ва расонаҳои хабарии Тоҷикистон чунин банде вуҷуд надорад, ки зикри тамоми унвонҳои раисиҷумҳури ин кишвар илзомӣ бошад. Ҳол он, ки ёдоварии ин унвон ва лақабҳои комили раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ахбори расонаҳои давлатӣ ва ба вижа шабакаҳои телевизионӣ замонбар ва ҳадар додани вақт аст.

Бар асоси қонунҳои “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” ва низ “Хадмоти иҷтимоӣ ва ҳифозат аз раисиҷумҳури Тоҷикистон”, ки дар соли 2016 ба тасвиби парлумон ва имзои Эмомалӣ Раҳмон расида, дар баробари додани ин унвонҳо ва имтиёзот ба Эмомалӣ Раҳмон, нишон ва ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” эҷод шудааст, ки ба поси хадамоти шоиста дар рушд ва пешрафти ҷумҳурии Тоҷикистон башаҳрвандон ин кишвар эҳдо мешавад.