Боздошти кормандони Ожонси зидди фасод – мубориза бо ришваситонӣ ё...?
Боздошти бесобиқаи кормандони Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон бо иттиҳоми фасоди молӣ аз мавзӯъҳои меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст. Аксари ҳафтаномаҳо ин мавзӯъро дар саҳфаи аввали ҷо карда, ба таҳлилу баррасии ин боздоштҳои бесобиқа ва пурсару садо пардохтаанд.
Ҳафтаномаи “Азия плюс”, нашрияи русизабони чопи Душанбе дар саҳфаи аввали хеш матлабе зери унвони “Онҳо ба даст афтоданд”, навишт, ки дар Тоҷикистон 17 нафар кормандони Ожонси зидди фасод боздошт шудаанд. Ба навиштаи муаллиф, дар миёни боздоштшудагон муовини пешини ин ниҳод ва чанд тан аз бозрасони аршади Ожонси мубориза бо фасод буда, онҳо дар қалоббӣ, фасоди молӣ ва берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ мутаҳам мешаванд. Зимни баррасии қазияи мазкур ҳафтаномаи “Азия плюс” чаҳор фарзияи ин ҳодисаи бесобиқаро матраҳ карда, менависад, ки бар асоси гуфтаи бархе манобеъ, боздошти маъмурони Ожонси зидди фасод эҳтимол ба парвандаи фасоди молӣ дар бунёди бемористони “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе бастагӣ дошта бошад. Тибқи ин фарзия, боздошти кормандони ниҳоди мазкур метавонад ба парвандаи ҷиноии сардори собиқи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров рабт дошта бошад, ки ахиран, додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро барои додани пора ва аз худ кардани маблағҳои буҷа дар сохтмони маркази тиббии «Истиқлол» ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Дар маҷмӯъ, маҳкумшудагон дар ҷаҳорчӯби ин парванда беш аз 18 миллион сомониро ба сирқат бурдаанд ва ҳазинаи умумии бунёди бемористони Истиқлол 706 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Бар асоси фарзияи дуввум, ин боздоштҳо ба рақобати пуштипардагии ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон барои касби нуфуз рабт дорад. Дар баробари ин нашрия менависад, ки фарзияи дигари матраҳ он аст, ки эҳтимол ин боздоштҳо ба парвандаи Зайд Саидов соҳибкори шинохтаи тоҷик иртибот дошта бошад, зеро миёни боздоштшудагон бозрасони парвандаи Зайд Саидов низ ҳастанд. Нашрия тахмин задааст, ки мақомот бо боздоштҳои ахир қасд доранд, то Зайд Саидовро аз зиндон озод кунанд ва ба ҷомеа нишон бидиҳанд, ки қонуншиканҳо муҷозот шуданд. Ва фазияи охирини нашрияи Азия плюс ин аст, ки ҳадаф аз боздоштҳои бесобиқаи маъмурони Ожонси зидди фасод, ин қасди барҳам додани ниҳоди мазкур аст. Нашрия ёдовар шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон 17 феврали соли 2015 дар ҷаласаи Шӯрои Амният аз фаъолияти ин ниҳод шадидан интиқод кард. Он замон барои қонуншиканиҳои мухталиф аз 495 корманди ин ниҳод 330 нафарашро аз кор озод кард шуданд.
Ба хулосаи ҳафтанома, муборизаи муассир бо фасоди молӣ танҳо дар сурати иродаи сиёсии қавии раҳбарияти кишвар ва шаффофияти кори худи ин ниҳод метавонад имконпазир шавад. Дар акси ҳол, ожонсе, ки ҳадафаш мубориза бо фасод аст, қодир нест, ин амали бадро ҳатто дар сафҳои хеш мағлуб кунад.
Рузномаи “Имрӯз нюз” низ дар саҳфаи аввали хеш се нафар аз маъмурони пешин феълии Ожонси зидди фасодро чоп карда, матлабе бо номи “Амалиёт бо муҳри комилан пора” чоп кардааст. Дар ин матлаб нашрия ба таври муфассал ахброи мартуб ба ин қазияро нашр карда, аз қавли бархе расонаҳо навиштааст, ки амалиёти боздошти маъмурони Ожонси зидди фасод аз сӯйи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифта, аммо бозрасии парванаи онҳо аз сӯйи Додситонии кулл анҷом мешавад. Муаллиф менависад, ки афроди боздошуда асосан ба сохтакории хидматӣ, тасарруф, гирифтани ришва, пинҳон кардани ҷиноят ва дигар ҷурмҳои сангин мутаҳам мешаванд.
Рӯзномаи мазкур дар идомаи ин мавзӯъ дар матлаби ҷудогона ба боздошти Фирӯз Холмуродов, бозраси аршади Ожонси зидди фасод таваҷҷуҳ карда, навиштааст, ки муфтиши парвандаи Зайд Саидов боздошт шуд. Нашрия ёдовар мешавад, ки Фирӯз Холмуродов дар соли 2013 раҳбари гурӯҳи тафтишотии парвандаи Зайд Саидов буд ва номаш ҳамон вақт ба ҳамагон ошно шуд.
Ҳафтаномаи “Озодагон” бо нашри акси бузурге аз Фирӯз Холмуродов бозраси боздоштшуда дар саҳфаи аввали хеш аз коршиносон суол кардааст, “Оё замоне расидааст, ки Ожонси зидди фасодро аз фасодкорон ҳифз кунем?”. Бобоҷони Шафеъ, ҷомеашиноси тоҷик гуфтааст, ки “боздошти Фирӯз Холмуродов, метавонад ин паёмро дошта бошад, ки фасодзада будани ниҳодҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ ҷо дорад ва пурсише, ки худи Рустами Эмомалӣ дар замони садрнишини ин ниҳод буданаш гузаронд ва хулосаи он ки мардум ба ин ниҳодҳо бовар надорад, ҳақиқати маҳз аст”. Ба назари Музаффари Имомдод, як тан фаъоли шабакаи “Фейсбук” “агар тамоми фаъолияти Ожонси зидди фасодро қатъ кунанд, ин худ барои аз байн бурдани фасод як пешравии калон хоҳад шуд”. Аммо Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия гуфтааст, ки “агар дар Тоҷикистон қонун ҳукмрон мебуд, чунин саволгузорию ҷавоб гуфтан ҷоиз буд. Дар вазъи кунунӣ чунин бозиҳои пасипардагӣ, ки гоҳе ба манфиати касе расонаӣ мешаванд, ҳеч тағйироте дар пай надорад». Ва ба назари рӯзноманигор Мавҷуда Соҳибназарова, «вақте мардум аз пора додан аз дари зоишгоҳ то боғчаву донишгоҳ ба дод омадаанд, вақте мудирони мактаб бо намояндае ба синф медароянду мегӯянд, ки таълим дар мактаб бепул аст ва ҳар бор баъди рафтани намоянда пули таълимро баландтар мебаранд, магар фаъолияти ин ожонс зарур аст?».
Нашрияи «Самак» дар идомаи ин мавзӯъ бо нашри матлабе навишт, ки мансабдори собиқи шаҳрдории собиқи Душанбе 18 сол зиндонӣ шуд. Ба навиштаи ин ҳафтанома, ахиран, додгоҳи шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров, сардори собиқи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанберо бо гуноҳи аз худ кардани пули сохтмони шифохонаи "Истиқлол" ва пешниҳоди ришва ба 18 сол маҳбас ва пардохти 9 миллион сомонӣ ҷуброн маҳкум кард.
Саидшариф Анваров ва ҳафт тани дигар, ки дар сохтмони Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" ширкат доштанд, соли гузашта боздошт шуданд. Онҳо, дар маҷмӯъ, барои аз худ кардани 18 миллион сомонӣ пули буҷа ва пешниҳоди 448 ҳазор доллар ришва айбдор гардиданд. Фирӯз Раҳмонов, муовини Анваров 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда, дар баробари ин панҷ тан аз раҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ аз 11 ҳазор то 460 ҳазор сомонӣ ба пардохти муваззаф шуданд.
Нашрияи “Озодагон” дар матлаби таҳлилие зери унвони аз “Арш то фарш” навиштааст, ки тайи 25 соли ахир наздики 140 маҷалла ва рӯзнома дар Тоҷикистон аз чоп бозмондаанд. Ба навиштаи муаллиф, дар ин миён нашрияҳои давлатӣ, ҳизбию соҳавӣ ва мустақил қарор дошта, иллати аз нашр боз мондани ин расонаҳои чопӣ пеш аз ҳама иқтисодӣ будааст. Муаллиф меафзояд, ки қатъ гашатани фаъолияти нашрияҳо, чӣ давлатӣ ва чӣ мустақил, боиси коҳиши эътибори Тоҷикистон дар масъалаи озодиии баён гашта, инчунин боиси камтаваҷҷуҳии ҷавонон ба касби рузноманигорӣ мешавад.
Ҳафтаномаи “СССР” дар “Равзанаи сардабир” ба матлабе бо номи “Ташхиси Миллат: Маҳалгароӣ!!!” чоп кардаааст. Саёфи Мизроб, муаллифи матлаб аз вуҷуди маҳалгароии бесобиқа дар ҷомеаи Тоҷикистон шадидан интиқод карда, таъкид кардааст, ки бештари маҳалгароён дар кишвраш адибону рӯзноманигорон ва аҳли илм ҳастанд. Муаллиф бо таассуф мегӯяд, ки бархе идеологҳо дар Тоҷикистон фикр доранд, ки маҳалгароиро метавон бо қавмгароӣ ё худ непотизм барҳам рехт, андешае ки сад дарсад иштибоҳ аст. Ба навишати муаллиф, “падидаи хешутаборбозӣ бунёди маҳалгароӣ буда, ин маризиро метавон бо роҳи боло бурдани... миллатдустӣ табобат кард”.