Даъвати Ашрафғанӣ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои сафар ба Кобул
Раиси ҷумҳурии Афғонистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар тавсеаи муносиботи дуҷониба таъкид кард.
Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар ин гуфтугӯи телефонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикистониаш даъват кард, ба Кобул сафар кунад то гомҳои муассиртаре дар арсаи тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва иқтисодии ду кишвар бардошта шавад.
Ашрафғанӣ ҳамчунин аз ҳамкории Тоҷикистон дар дармони маҷрӯҳони инфиҷори ахир дар пойгоҳи артиши Афғонистон дар наздики Мазори Шариф, ки 140 кушта ва даҳҳо маҷрӯҳ барҷой гузошт, ташаккур кард.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин гуфтугӯ бо истиқбол аз даъвати ҳамтои афғонистонии худ гуфт, Душанбе омода аст бо Кобул дар таъмини амният, барқарории сулҳу субот ва ҳамчунин мубориза бо терроризм ҳамкорӣ кунад.