Боздошти яке аз бастагони Гулмурод Ҳалимов дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17084-Боздошти_яке_аз_бастагони_Гулмурод_Ҳалимов_дар_Русия
Мақомоти Хадамоти амнияти федералии Русия дар ҷумҳурии худмухтори Адигея, дар шимоли Қафқоз яке аз наздикони сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимовро ба иттиҳоми ҷазби ҷавонон ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 13, 2017 04:29 Asia/Dushanbe
  • Боздошти яке аз бастагони Гулмурод Ҳалимов дар Русия

Мақомоти Хадамоти амнияти федералии Русия дар ҷумҳурии худмухтори Адигея, дар шимоли Қафқоз яке аз наздикони сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалимовро ба иттиҳоми ҷазби ҷавонон ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории русии “ТАСС”, ин мақомот бидуни зикри номи ин фард гуфтаанд, ки вай қасд дошта дар авохири апрел барои дидор бо Гулмурод Ҳалимов, яке аз фармондеҳони гурӯҳи террористии ДИИШ ба Сурия биравад, ки пеш аз он боздошт шудааст.

Бар асоси ин гузориш, фарди боздоштшуда аз муддатҳо қабл дар масҷиди “Тухта Мукой”-и ҷумҳурии худмухтори Адигея андешаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ- ро таблиғ ва заминаи пайвастани ҷавононро ба ин созмони террористӣ фароҳам мекардааст.

Гуфта мешавад, вай дар бозҷӯиҳои аввалия ба иттиҳоми ҷазби афрод ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ эътироф кардааст.

Аз ҳофизаи телефони ҳамроҳи ин фард матолиби таблиғотии муртабит бо гурӯҳи ДИИШ ва сайтҳои масирёб ба самти Туркия ва Сурия кашф шудааст.

Мақомоти Хадамоти амнияти федералии Русия дар ҷумҳурии худмухтори Адигея, дар шимоли Қафқоз алайҳи ӯ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ парвандаи ҷиноӣ ташкил додаанд.

 Чанде қабл низ як мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон хабари боздошти Беҳрӯз Гулмуродов, писари бузурги сарҳанги фирорӣ Гулмурод Ҳалилов аз сӯйи неруҳои амнияти ин кишварро таъйид карда буд.

Сарҳанг Гулмурод Ҳалимови 42 сола, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.