Боздошти Файзинисо Воҳидова дар марз
Вакили мудофеи шинохтаи тоҷик Файзинисо Воҳидова субҳи 14 май дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон боздошт шудааст. Дар гузаргоҳи Овчӣ-Қалъача ба Воҳидова гуфтаанд, ки бар асоси дархости мақомоти амният ӯ ҳаққи тарки қаламрави Тоҷикистонро надорад.
Ба иттилои сайти Ахбор, ҳомии ҳуқуқи инсон ва адвокатим маъруфи тоҷик Файзинисо Воҳидоваро соати ҳафти субҳи 14 май дар гузаргоҳи Овчӣ -Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон боздоштаанд.
Ба иттилои сайти "Ахбор”, Файзинисо Воҳидова ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба маросими дафни ҷанозаи як ҷиянаш, ки дар дарё ғарқ шуда буд, ба ноҳияи Лайлак мерафт.
Аммо ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи марзии Овчӣ-Қалъача марзбонони тоҷик ба Файзинисо Воҳидова гуфтаанд, ки номи ӯ дар рӯйхати онҳое қарор дорад, ки бо дастури мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳаққи тарки қаламрави Тоҷикистонро надоранд.
Файзинисо Воҳидова аз вакилони мудофеъ ва ҳомиёни ҳуқуқи маъруфи тоҷик ба шумор меравад. Ӯ дар матлабҳояш аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва бархе паҳлуҳои сиёсати ҳукумати ин кишвар интиқод мекунад.
Ахиран Бузургмеҳр Ёров, адвокати дигари тоҷик, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, аз Файзинисо Воҳидова хоста буд, ки ба сифати намояндаи расмии ӯ дар хориҷ аз Тоҷикистон ва дар музокираҳо бо созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон дастбакор шавад.
Сайти Ахбор навиштааст, Файзинисо Воҳидова раҳо шуда нав ба хонааш расидааст.