Май 20, 2017 09:22 Asia/Dushanbe
  • Пардохти 200 ҳазор рубл ҷуброни хисорати қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия

Додгоҳи ноҳияи Замоскворечеи Маскав ҳукми пардохти 200 ҳазор рубл ба Илҳом Алихонов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки бародараш зери шиканҷаи полиси Русия кушта шудаастро содир кард.

Ба гузориши сайти Кумитаи муқобила бо шиканҷаи Русия 14-уми сентябри соли 2014 Фаррух Урозов, коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ ба иттиҳоми музоҳимат барои як духтар рус боздошт ва ба яке аз посгоҳҳои полиси Маскав мунтақил шуд, аммо пас аз 4 рӯз дар боздоштгоҳ ҷони худро аз даст дод.

Дар пайи шикояти Илҳом Алихонов, бародари мақтул, пизишки қонунии Маскав бо баррасии мавзӯъ ва таъйиди ҷон бохтани Фаррух Урозов бар асари шиканҷаи полис, ворид шудани 75 зарба ба сару сурату бадан ва шикастани 12 данда (қабурға)-и вайро иллати марги ин коргари тоҷики 38- сола унвон кард.

 Бар асоси ин аснод, Додгоҳи Маскав 3 корманди полиси муттаҳам дар қатли ин коргари муҳоҷири тоҷикро муқассир донист ва ҳар якро ба 7 солу 4 моҳ то 7 ,5 соли зиндон маҳкум кард.

 Бо ин ҳол вукалои мудофеи Илҳом Алихонов эълом кардаанд, ки ба ҳукми пардохти 200 ҳазор рубл барои ҷуброни хисорати қатли ин коргари муҳоҷири тоҷик ба додгоҳи олии Русия шикоят хоҳанд кард. Онон муътақиданд, ки хисорати қатли ин коргари муҳоҷир 3 миллиону 300 ҳазор рубл аст.

 

Барчасп