Май 21, 2017 10:46 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба доктор Ҳасани Руҳонӣ

Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Руҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол кард.

Ба гузориши хабаргузории Ховар, дар ин паёми табрикӣ аз ҷумла омадааст:

Ҷаноби Олӣ, дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Шумо табрикоту тамманниёти самимии хешро иброз менамоям.

Кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти безаволи фарҳангиву таърихӣ то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт ба роҳ мондаанд.

Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои содиқонаи муштарак дар давраи ҷадиди раисии Шумо ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нав ва баландтар хоҳем бардошт.

Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ – ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар – дар оянда низ талош варзад.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Эрон – сулҳу субот ва некуаҳволии беш аз пеш орзу дорам.

Ҳасани Руҳонӣ рӯзи ҷумъа бо касби 57 дарсади орои мардуми Эрон бори дигар ба раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузида шуд.

 

Барчасп