Гурӯҳи Салафия муттаҳами аслии ҳамла ба афсари Идораи амнияти Кӯлоб
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17588
Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб токунун 6 нафарро ба иттиҳоми мушорикат дар ҳамла ба корманди идораи амнияти ин шаҳр боздошт кардаанд, ки ҳамаи онон аз аъзои гурӯҳи мамнуи Салафия ҳастанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 23, 2017 09:38 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи Салафия муттаҳами аслии ҳамла ба афсари Идораи амнияти Кӯлоб

Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб токунун 6 нафарро ба иттиҳоми мушорикат дар ҳамла ба корманди идораи амнияти ин шаҳр боздошт кардаанд, ки ҳамаи онон аз аъзои гурӯҳи мамнуи Салафия ҳастанд.

Ба иттилои Азия-Плюс, боздоштшудаҳо ҳамагӣ сокини шаҳри Кӯлоб буда, ба истиснои як нафар дигарон дар як сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ кор мекардаанд. Сину соли боздоштшудаҳо аз 24 то 31 сол будааст ва аз онҳо чор адад корд, се адад куртаи варзишӣ, як адад шими ҷинсу пойафзоли варзишии хунолуд ва як телефони мобилӣ ёфт шудааст, ки дар содир намудани ҷиноят истифода бурдаанд.

Гумонбарон гуфтаанд, ҳамла ба афсари амниятро 2 моҳ қабл тарҳрезӣ намуда, танҳо шаби 13 май онро амалӣ карданд.  

Дар ҳодисаи шаби 13 май дар Кӯлоб, Муҳиддин Юлаев, афсари идораи амнияти ин шаҳр бар асари ҳамлаи афроди ношинос ба шиддат захмӣ шуд .

Сомонаи Ахбор ҳам бо истинод ба манобеи худ таъкид кардааст, ки пеш аз ин замоне, ки кормандони идороти амниятв ва интизомии Кӯлоб риши ин 6 узви гурӯҳи мамнуи Салафияро ба иҷбор тарошида буданд, ин афрод таҳдид ба талофӣ кардаанд ва ба эҳтимоли зиёд бо ҳисси интиқомҷуӣ муртакиби ин ҷиноят шудаанд .

Дар ду соли ахир, мақомоти интизомии Тоҷикистон ба баҳонаи мубориза бо фарҳанги бегона риши садҳо ҷавонро тарошида ва аз ҳиҷоби занону духтарон ҷилавгирӣ кардаанд, ки ин иқдомот бо вокунишҳои тунде дар ҷомеа мувоҷеҳ шудааст .