Сентябр 15, 2024 14:17 Asia/Dushanbe
  • 10700 фалстинӣ аз сокинони Каронаи Бохтарӣ дар боздоштгоҳҳои режими Исроил

Порс тудей - Тозатарин гузоришҳо нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ илова бар ҷиноятҳояш дар Борикаи Ғазза, токунӯн ҳазорон фаластиниро низ дар Каронаи Бохтарӣ боздошт кардааст.

Бошгоҳи асирони фаластинӣ дар тозатарин гузориши худ эълом кард, режими саҳюнистӣ аз оғози ҷанг алайҳи Ғазза дар ҳафтуми октябри гузашта токунӯн даҳ ҳазору 700 фаластиниро дар Каронаи Бохтарии руди Урдун боздошт кардааст.

Ба гузориши Порс тудей, режими саҳюнистӣ дар ин замон ҳазорон фаластиниро низ дар Борикаи Ғазза боздошт кардааст.

Бар асоси ин гузориш, аз замони таҳоҷуми ҷадиди ишғолгарони саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ (28 август) токунӯн 50 фаластинӣ дар ин минтақа ба шаҳодат расидаанд.

Режими Исроил аз 7 октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаи ҷадидеро дар Борикаи Ғазза зидди мардуми бедифо ва мазлӯми Фаластин ба роҳ андохтааст.

Бар асоси охирин гузоришҳо, дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза токунӯн афзӯн бар 41 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 95 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Шокилаи режими Исроил аз соли 1917 бо тарроҳии истеъмори Англия ва аз тариқи муҳоҷират додани яҳудёни кишварҳои мухталиф ба сарзамини фаластиниҳо эҷод ва дар соли 1948 мавҷӯдияти он эълом шуд.

Аз он замон тарҳҳои куштори ҷамъии мухталифе барои наслкушии мардуми Фаластину тасоҳуби тамоми сарзамини онҳо анҷом шудааст.

Шуморе кишварҳо бо пешоҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳомиёни ҷиддии инҳилоли режими истиъмории Исроил ва бозгашти яҳудён ба кишварҳои аслии худашон ҳастанд.

 

Барчасп