Таҷҳизи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба ПАҲПОД
(last modified Sat, 27 May 2017 06:46:59 GMT )
Май 27, 2017 11:46 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба ПАҲПОД

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон то поёни имсол ба ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин (ПАҲПОД) муҷаҳҳаз мешавад.

Ба гузориши сайти “Спутник”, генерал (артишбуд) Владимир Заруднитский, фармондеҳи нерӯҳои низомии минтақаи марказии Русия эълом кард, бар ин асос теъдоде ПАҲПОД (паррандаҳои ҳидоятпазир аз дур) –и “Орланд” ва “Элерон” ба пойгоҳи низомии 201-и интиқол хоҳад ёфт.

 Заруднитский ба теъдоди ин паҳподҳо ишорае накарду афзуд, ин паҳподҳо ҳамоҳангсозии амалиёти нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаро тақвият хоҳанд кард.

 Пештар низ расонаҳо хабар дода буданд, ки Русия пойгоҳи 201-ро ба сомонаҳои ракетандози “Ураган” муҷаҳҳаз кардааст.

Ҳамчунин барои ширкат дар размоиши муштараки низомиёни Русияву Тоҷикистон, мавсум ба “Душанбе – антитеррор - 2017” барои нахустин бор сомонаи мушакии тактикии “Искандар – М” вориди қаламрави ин кишвар шуд.

Ин размоиш 30-юми май то якуми июн дар размоишгоҳҳои Ҳарбмайдон ва Лоҳур баргузор хоҳад шуд.