Июл 04, 2017 09:11 Asia/Dushanbe
  • Таъхир дар оғози парвозҳои ширкати Ямали Русия ба Тоҷикистон

Аз саргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирии ширкати русии Ямал ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанди Тоҷикистон, ки қарор буд, аз аввали моҳи июл анҷом шавад, ба нимаи дуввуми моҳи сентябр мавкул шудааст.

Ба иттилои Спутник, Иля Лебедев, муовини бахши тиҷории ин ширкат гуфтааст, ки иллати умдаи таъхир дар оғози парвозҳо ба Тоҷикистон тӯлонӣ шудани ҳамоҳангии ҷадвали парвозҳо бо мақомоти идораи ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон аст .

Ба гуфтаи вай, қаблан эълом шуда буд, парвози ҳавопаймоҳои мусофирии ширкати русии Ямал ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд аз аввали моҳи июли имсол аз сар гирифта мешавад .

Бар асоси тавофуқ бо мақомоти Тоҷикистон, ин ширкати русӣ мебоист, ҳар ҳафта 3 парвози рафту баргашт ба шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд анҷом диҳад .

Ихтилоф бар сари теъдоди парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия аз авохири соли 2016 буруз кард ва то моҳи апрели имсол идома дошт, ки дар ниҳоят тарафҳо дар ин маврид ба тавофуқ расиданд .

Ба гуфтаи мақомоти идораи ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон, 63 дарсад аз парвозҳои миёни Русияву Тоҷикистон, дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии ҷониби Русия қарор дорад, ки фоидаи молии фаровоне насиби онҳо мешавад .

Аксари коршиносон муътақиданд, ки боло гирифтани таниши миёни Маскаву Душанбе бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ сирфан ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеи молии ширкатҳои ҳавоӣ ин мушкилотро эҷод мекунад .

 

Барчасп