Июл 04, 2017 10:49 Asia/Dushanbe
  • Боздиди 60 ҳазор нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи EXPO-2017

Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи EXPO-2017 дар шаҳри Остона (Қазоқистон) дар қатори павилйонҳои 110 давлатҳои олам, мавқеи шоистаро ишғол карда, павилйони  комилан ҷавобгӯ ба мавзӯи EXPO-2017 — «Энергияи оянда» эътироф шудааст.

Ба иттилои Ховар, дар давоми 20 рӯзи охир ба павилйони Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор меҳмонону тамошобинони EXPO-2017 ворид гардида, бо захираҳои фаровон, безарар ва табиии обу барқи Тоҷикистон, мавзеъҳои сайёҳӣ ва осори таърихӣ-фарҳангии миллати тоҷик шинос шуданд.

Павилйони Тоҷикистон дар EXPO-2017 дар қатори кишварҳои Арманистон, Афғонистон, Бангладеш, Қирғизистон ва Украина дар толори диққатҷалбкунанда бо номи кишварҳои пайвандгари «Роҳи абрешим» ҷойгир шудааст. Аввалин ҷаззобияти павилйони Тоҷикистон, ки зуд ба чашм мерасад ва таваҷҷуҳи меҳмонону тамошобинонро ба худ ҷалб мекунад, фарши кабуди павилйон мебошад.

Тавре директори экспозитсияи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Остона Одил Сангов зикр кард, зимни таҳияи павилйон онҳо кӯшиш намуданд, ки дар як гӯшаи хурд муҳити табиати ором, фазои барҳаво ва симои зебои Тоҷикистонро ҷойгир намуда, шаҳомати кӯҳсорон, нафосати хосаи кишвари чашмаҳои мусаффо ва рӯдҳои сероб, кӯҳҳои сарбаафлоку водиҳои сабзпӯшро ба қалб ва рӯҳи тамошобинон бирасонанд. Аксҳои се девораи павилйон ба чашми тамошобин ҳамчун қаторкӯҳҳои барфбасару водиҳои майсазор ба назар расида, фарши павилйон мисли обҳои каб-кабуди кӯлҳо ва дарёҳои ҷории Тоҷикистон ҷило медиҳанд.

Маълумотномаи насбшуда ба забонҳои англисӣ, русӣ ва қазоқӣ иттилоъ медиҳад, ки дар Тоҷикистон 14 ҳазору 509 адад пиряхҳо бо ҳаҷми 845 км мукааб дар масоҳати 11 ҳазору 146 км мураббаъ ҷойгир шуда, як ҳазору сесад кӯл дар масоҳати 705 км мураббаъ бо ҳаҷми 46,3 км мукааб об ва нӯҳсаду чилу ҳафт дарё бо дарозии умумии 28 ҳазору 500 км захираҳои обу барқи Тоҷикистонро ташкил додаанд. Ҷоришавии об дар дарёҳои Тоҷикистон дар як сол 64 км мукаабро дарбар мегирад.

Гӯшаи дигари павилйони Тоҷикистон аз лоиҳаи КАСА-1000, яъне интиқоли неруи барқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ нақл мекунад.

 

 

 

Барчасп