Истирдоди бародарзодаи Гулмурод Ҳалимов аз Русия ба Тоҷикистон
Мақомоти интизомии Тоҷикистон истирдоди бародарзодаи сарҳанг (полковник) Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини Нерӯи вижаи Вазорати умури дохилаи ин ҷумҳуриро аз Русия ба Душанбе таъйид карданд.
Ба гузориши сайти “ТОП.тҷ”, мақомоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки ахиран Ф. Ҳалимов, бародарзодаи Гулмурод Ҳалимов, ки дар моҳи апрел дар ҷумҳурии худмухтори Адигея, дар шимоли Қафқоз аз сӯйи кормандони Хадамоти амнияти федералии Русия ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ ва талош барои рафтан ба Сурия боздошт шуда буд, ба Душанбе мунтақил шудааст.
Ба гуфтаи ин мақомот, боздошти бародарзодаи сарҳанг Гулмурод Ҳалимов бо ҳамкории ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ва Русия ва дар пайи баёноти Беҳрӯз Ҳалимов, писари фармондеҳи пешини фирории Нерӯи вижаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имконпазир шудааст.
Беҳрӯз Ҳалимов - фарзанди бузурги Гулмурод Ҳалимов ҳам авоили моҳи апрел дар зодгоҳаш ноҳияи Варзоб ба иттиҳоми талош барои рафтан ба Сурия боздошт шуд ва акнун дар додгоҳи шаҳри Душанбе дар ҳоли муҳокима аст.
Беҳрӯз эътироф кардааст, ки писари амӯяш борҳо дар тамосҳои телефонӣ аз вай дархост карда буд, ки ба Сурия назди падараш биравад.
Мақомоти Хадамоти амнияти федералии Русия дар ҷумҳурии худмухтори Адигея, дар шимоли Қафқоз гуфтаанд, ки бародарзодаи сарҳанг Гулмурод Ҳалимов аз муддатҳо қабл дар масҷиди Тахтамукой андешаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ - ро таблиғ ва заминаи пайвастани ҷавононро ба ин созмони террористӣ фароҳам мекардааст.
Сарҳанг Гулмурод Ҳалимови 42- сола, фармондеҳи пешини Нерӯи вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон охирҳои моҳи апрели соли 2015 нопадид шуд ва охири моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.