Июл 06, 2017 17:24 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Қирғизистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе

Нахуствазири Қирғизистон имрӯз дар ҳошияи нишасти кишварҳои узви “CASA-1000” , бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сооронбой Жэнбеков,  нахуствазири Қирғизистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор вазъият ва дӯрнамои муносиботи ду кишварро баррасӣ ва ба манзури иртиқои сатҳи равобит дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва дар заминаи тақвияти кори Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баҳсу табодули назар карданд.

Ду тараф ҳамчунин бар зарурати истифодаи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯдхонаҳо ва зерсохтҳои зарурии ҳамлу нақл барои рушд ва тавсеаи бештари ҳамкориҳо таъкид карданд.

Дар ин нишаст ҳамчунин ҳамкории Душанбе ва Бишкек дар заминаи татбиқи тарҳи минтақаии шабакаҳои интиқоли барқ “CASA-1000” баррасӣ шуд.

Масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арсаҳои ҳамлу нақл, энержӣ, истифодаи муассир аз захоири обӣ ва гузаргоҳҳои марзӣ ва илова бар ин, ширкати фаъол дар тарҳҳои бузурги минтақаии роҳи оҳан ва интиқоли газ аз дигар меҳварҳои гуфтугӯ миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жэнбеков буд.

Ҳамкорӣ дар истиқрори сулҳу сабот дар Афғонистон, мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ, ҷиноёти фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз дигар мавзуоти мавриди баррасӣ дар дидори Раҳмон ва Жэнбеков буд.

Нахуствазири Қирғизистон пеш аз зӯҳри имрӯз дар садри ҳайате барои ширкат дар нишасти кишварҳои узви тарҳи минтақаии интиқоли барқ “CASA-1000”, вориди Душанбе- пойтахти Тоҷикистон шуд.