Баҳси бозрасии молии тунели "Истиқлол"
(last modified Wed, 10 Aug 2016 13:59:01 GMT )
Август 10, 2016 18:59 Asia/Dushanbe
  • Баҳси бозрасии молии тунели

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иддаои Девони муҳосиботи ин кишвар, мабни бар ошкор шудани беш аз 4 миллион сомонӣ зиёни молӣ зимни корҳои сохтмонӣ дар тунели "Истиқлол"-ро рад кардааст.

Абдулмаҷид Шарифов – масъули тарҳҳои сохтмонии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабаргузориҳои маҳалӣ гуфтааст, ки ин иттилоот нодуруст аст, зеро дар санади натиҷаҳои бозрасии молӣ, ки аз сӯи Девони муҳосибот таҳия шуда, дар ин вазорат маҳфуз аст, дар бораи хисороти молӣ ишорае нашудааст.

Ба гуфтаи Абдумаҷид Шарифов дар соли 2003 лоиҳаи нақби "Истиқлол" бо иштибоҳот таҳия гардида, баъдан солҳои 2006-2012 тибқи ин тарҳ корҳои сохтмонӣ амалӣ гардиданд.

Вай афзудааст, ки барои ҳидояти обҳои тунел соли 2006 лулаҳои сементӣ гузошта шуда, то соли 2012 об тариқи нақби нақлиётӣ ҷорӣ гардида, ба ҳаракати нақлиёт мушкилот эҷод мекард.

Ин манба таъкид кардааст, ки соли 2014 лулаҳои мазкур ба канали ҳидояти об бо тули 1627 метр иваз шуда ва ба ин васила ҷоришавии об дар нақби нақлиётӣ боз дошта шуд.

Ин масъули Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки эҳтимол Девони муҳосибот маблағҳои масрафшуда барои насби лулаҳои обгузар ва сипас иваз кардани онҳо бо канали обгузарро дар назар дошта бошад.

Ахиран Девони муҳосиботи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки дар ҷараёни санҷиши корҳои бозсозии нақби "Истиқлол" бозрасони ин ниҳод ба маблағи 4 миллиону 13 ҳазор сомонӣ зиёни молиро ошкор кардаанд.

Дар авоили соли 2014 миёни Тоҷикистон ва Эрон дар мавриди такмили сохтмони тунели "Истиқлол" созишнома имзо шуд, ки тибқи он Тоҷикистон ва Ирон баробар барои иҷрои ин тарҳ бояд 12 мииллион доллар сармоягузорӣ кунанд.

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин муддат ба маблағи 7,3 миллион доллар корҳои бетонпӯшии фарши нақб ва тармиму барқарорсозии системаи ҳидояти об анҷом шуда, аз ҳисоби маблағҳои боқимонда тарҳи равшансозӣ ва ҳавокашӣ таҳия мешавад.

Тунели мошингарди "Истиқлол" дар 75-километрии ҷодаи Душанбе-Хуҷанд зери гарданаи Анзоб воқеъ буда, марказ ва шимоли Тоҷикистонро бо ҳам мепайвандад.

Тарҳи сохтмони тунели "Истиқлол" ҳануз замони шуравӣ оғоз шуда буд, вале ба гуфтаи манобеи огоҳ, ба далели сардии ҳаво ва ҷорӣ шудани об, кори он ба зудӣ қатъ шуд.

Аммо дар соли 2003 корҳои сохтмонӣ дар ин тунел аз сар гирифта шуда, барои иҷрои ин тарҳ Ҷумҳурии Исломии Эрон 31 миллион доллар ихтисос дод, ки 10 миллион доллари он кумаки Теҳрон ба Душанбе буд.

Ширкати эронии "Собир байналмилал" соли 2003 корҳои сохтмониро дар нақби "Истиқлол" шуруъ карда, 23 марти соли 2006, ҳаффории онро ба итмом расонид. Аммо тунели мошингарди "Истиқлол" бидуни он ки то охир такмил шавад, дар ин сол мавриди истифода қарор гирифт.