Июл 22, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Тағйири корбарии 4 масҷид дар шаҳри Хуҷанд

Шаҳрдори Хуҷанд гуфт, 4 масҷид аз ибтидои имсол дар ин шаҳр тағйири корбарӣ ёфтааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Маъруф Муҳаммадзода дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки аз ибтидои имсол дар маркази вилояти Суғд 4 масҷид тағйири корбарӣ ёфта ва ба корхонаи бофандагӣ, маҳди кӯдак (кӯдакистон), чойхона ва дорухона табдил шудааст.

Вай дар айни ҳол муддаӣ шудааст, ки тағйири корбарии масҷидҳо дар шаҳри Хуҷанд ба маънии маҳдуд кардани озодии фаъолияти марокизи ибодии мусалмонон нест.

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ин масҷидҳо ё ба далели наздикӣ бо дигар марокизи ибодӣ ва ё надоштани аснод ва мадорики ҳуқуқӣ тағйири корбарӣ ёфтаанд.

Ба гуфтаи шаҳрдори Хуҷанд ҳамакнун дар маркази вилояти Суғд 42 масҷид фаъол аст, ки дар 5 масҷид намози ҷумъа ва дар 37 масҷид намозҳои панҷгона иқома мешавад.

 Мақомоти умури динӣ дар Тоҷикистон аз соли 2011 барномаи бастан ва тағйири корбарии масҷидҳоро ба баҳонаи надоштани асноди ҳуқуқӣ оғоз кардаанд.

То кунун садҳо масҷид дар ин кишвар ба марказҳои дармонӣ, варзишӣ, китобхона ва коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ табдил шудааанд.

Мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон ин иқдомро нақзи ҳуқуқи мусалмонон ва маҳдуд кардани озодиҳои эътиқодии онон ба шумор меоваранд.

Аммо мақомоти ҳукуматӣ бо ин иддао, ки дар ин кишвар наздик ба чаҳор ҳазор масҷид фаъолият мекунад, вуҷуди ин марказҳои ибодиро барои ҷомеаи мусалмони Тоҷикистон кофӣ медонанд.

 

Барчасп