Дӯрнамои эъзоми коргарони Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ
Сумангул Тағойзода- вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран аз музокира бо кишварҳои Кувейт, Қатар ва Иморот барои эъзоми коргарони муҳоҷири тоҷик ба ин кишварҳо хабар дод, ки бо вокунишҳои зиёде дар расонаҳои хабарии минтақа рӯ ба рӯ гардидааст.
Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Гавҳар Ҷураева, раҳбари бунёди муҳоҷират ва ҳуқуқ дар Русия мавсум ба “Муҳоҷир” гуфтааст, ки 12 соат кори рӯзона бо шароити сахт дар кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ бо мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ҳамроҳ хоҳад буд.
Ба гуфтаи вай бозори кори ин кишварҳо умдатан дар ихтиёри коргарони муҳоҷир аз кишварҳои фақири арабӣ, Покистон, Бангладеш ва Ҳинд мебошад ва мо шоҳид будем, ки Арабистони Саудӣ ба далели ихтилофоти сиёсӣ тайи солҳои ахир садҳо ҳазор коргари хориҷӣ ихроҷ кард ва ҳеҷ тазмине нест, ки нисбат ба тоҷикон яз аз ин равиш истифода накунад. Дар ҳоле , ки мизон ҳуқуқҳои дарёфтӣ дар кишварҳои арабӣ барои мутахассисон, аз ҷумла пизишкон, муҳандисон ва меъморони хориҷӣ боло мебошад ва аксари коргарони муҳоҷири тоҷик танҳо метавонанд дар бахши сохту соз фаъолият кунанд, ки дастмузди каме барои онон пардохт хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ҳуқуқи моҳиёнаи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар сурати эъзом ба кишварҳои арабӣ аз дастмузде, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия ва Қазоқистон дарёфт мекунанд, бештар нахоҳад буд.
Аз нигоҳи иҷтимоӣ низ тоҷикон дар муҳити комилан мутафовити фарҳангӣ ва ахлоқӣ бо мардумт кишварҳои арабӣ тарбият шудаанд, ки ин мавзӯъ метавонад паёмадҳои ғайри қобили пешбинӣ барои онон ба бор овард. Зеро корфармоёни ин кишварҳо дар қиболи коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз сиёсати табъизи нажодӣ истифода мекунанд, ки барои тоҷикон созгорӣ бо ин муҳити кор сахт мебошад.