Камтарин маош дар Русия барои коргарони муҳоҷири тоҷик
Баррасиҳо нишон медиҳад, ки коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, поинтарин мизони ҳуқуқ ва дастмуздро дар муқоиса бо ҳамтоёни худ аз дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дарёфт мекунанд.
Ба гузориши сойти нашрияи русии “Коммерсант”, натиҷаи таҳқиқи Пажӯҳишгоҳи Мактаби олии иқтисодии Русия нишон медиҳад, ки миёнгини ҳуқуқ ва дастмӯзди моҳонаи коргарони муҳоҷири тоҷик, 28 ҳазор рубл аст.
Ин дар ҳолест, ки миёнгини дастмӯзди моҳонаи коргарони муҳоҷири ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Гурҷистон 36 ҳазор рубл, Узбакистон ва Қазоқистон 32 ҳазор рубл ва Қирғизистон 30 ҳазор рубл аст.
Бар асоси ин пажӯҳиш, соати кори коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар як ҳафта дар Русия 59, соат эълом шудааст, дар ҳоле, ки шаҳрвандони бумии ин кишвар дар як ҳафта танҳо 40 соат кор мекунанд.
Ҳамчунин 35 дарсад шаҳрвандони тоҷикистонии муҳоҷир дар Русия гуфтаанд, ки дар сурати фароҳам будани шароит ва имкони дарёфти тобеияти Русия қасд доранд барои зиндагӣ ва сукунати доим дар ин кишвар бимонанд.
Бо ин ҳол 25 дарсади тоҷикҳо гуфтаанд, ки мехоҳанд танҳо дар фасли гармо дар Русия фаъолият кунанд ва дар замистон ба кишвари худ баргарданд.
Михаил Денисенко, муовини мудир марказ Пажӯҳишгоҳи Мактаби олии иқтисодии Русия мӯътақид аст, ки пир шудани ҷамъият, коҳиши таваллуд ва кам шудани ҷамъияти ҷавони Русия мӯҷиб мешавад, иқтисоди ин кишвар дар оянда низ ба ҷазби коргарони ҷавони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ниёз хоҳад дошт.