Зоиров: Имкони фаъолияти аҳзоби мухталиф дар Тоҷикистон вуҷуд надорад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i22220-Зоиров_Имкони_фаъолияти_аҳзоби_мухталиф_дар_Тоҷикистон_вуҷуд_надорад
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон муътақид аст, ки дар ин кишвар заминаи фаъолияти аҳзоб бо гароишҳои мухталиф вуҷуд надорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 26, 2017 05:44 Asia/Dushanbe
  • Зоиров: Имкони фаъолияти аҳзоби мухталиф дар Тоҷикистон вуҷуд надорад

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон муътақид аст, ки дар ин кишвар заминаи фаъолияти аҳзоб бо гароишҳои мухталиф вуҷуд надорад.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Раҳматуллоҳ Зоиров таъкид кардааст, ки бо вуҷуди иддаои мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон дар бораи фаъолияти чандҳизбии сиёсӣ дар ин кишвар, амалан танҳо Ҳизби ҳокими халқӣ- демократӣ фаъол аст ва дигар аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар сарнавишти ин ҷумҳурӣ нақше надоранд.

 Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон афзуд, ҳамакнун ба далели номуносиб будани фазои сиёсии ин кишвар 70 дарсад аз аъзои ин ҳизб дар Русия ва Қазоқистон фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи Зоиров, ҳатто барои шахси вай ба унвони ҳуқуқшинос ва вакили мудофеъ заминаи фаъолият дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва маҷбур аст, ки умдаи вақти худро дар Русия ва Қазоқистон бигузаронад.

Раҳматуллоҳ Зоиров ҳамчунин бо пешниҳоди Алим Шерзамонов, масъули созмони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, ки чанде қабл таваққуфи муваққати фаъолияти ин ҳизбро ба далели номуносиб будани фазои сиёсии кишвар хостор шуда буд, мухолифат кардааст.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳоди Шерзамоновро ғайримантиқӣ дониста ва таъкид кардааст, ки ин ҳизб ба муборизоти сиёсии худ барои расидан ба аҳдофаш идома хоҳад дод.

Шерзамонов гуфта буд, ки дар шароити феълии сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон Ҳизби сотсиал-демократ таҳти фишорҳои шадид қарор дорад ва наметавонд ҳатто конгресс ва нишастҳои расмии ҳизби худро баргузор кунад.