Имзои қонунҳои ислоҳшуда дар порлумони Тоҷикистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон
(last modified Mon, 28 Aug 2017 15:42:49 GMT )
Август 28, 2017 20:42 Asia/Dushanbe
  • Имзои қонунҳои ислоҳшуда дар порлумони Тоҷикистон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи чанд қонунро, ки ба пешниҳоди вай дар Маҷлиси намояндагон ва миллии ин кишвар ба тасвиб расида буд, имзо кард.

Ба гузориши сайти иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон тарҳи ислоҳ ва тағйири қонунҳо “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи муқаррароти давраҳои омӯзишии ҳирфаӣ пас аз поёни донишгоҳ ва марказҳои касбӣ-техникӣ”, “Дар бораи маориф”, “Қонуни ҷиноӣ ва муҷозоти тахаллуфоти идорӣ” ва “Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вазорати тиҷорати ҷумҳурии мардумии Чин дар заминаи сохти бинои ҷадиди парлумон ва сохтмони Ҳукумати Тоҷикистон”-ро имзо кард.

Дар миёни ин қонунҳо, Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим беш аз ҳама бо ислоҳот рӯбарӯ шудааст.

Бар асоси ин ислоҳот, баргузории маросими “ақиқа” барои навзодон, “гаҳворабандон”, “домодталбон” ва “зиёрати ҳоҷиён” мамнуъ шудааст.

Ҳамчунин аз ин пас баргузории маросими хатми ҳафтум, чиҳилумин рӯз ва солгард барои даргузаштагон танҳо бидуни додан ғизо ҷоиз аст.

Бо ислоҳи қонуни тахаллуфоти идорӣ низ кормандони идороти давлатӣ ва хонаводаҳояшон дар сурати тахаллуф аз Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба ҷаримаи молии сангин ё барканорӣ аз кор маҳкум хоҳанд шуд.

Ҳамчунин бар асоси яке аз бандҳои ислоҳияи Қонун Дар бораи маорифи Тоҷикистон донишҷуёне, ки бо мошини шахсӣ ба марокизи омӯзишӣ меоянд, ихроҷ мешаванд.

Бар асоси ислоҳияи қонунҳои ҷиноӣ ва тахаллуфоти идорӣ низ ронандагоне, ки дар ҳолати мастӣ ва бидуни гувоҳиномаи ронандагӣ муҷиби бурузи тасодуф мешаванд, то 15 сол аз ронандагӣ маҳрум хоҳанд шуд.

Пеш аз ин муҷозоти ин афрод танҳо ду сол маҳрумият аз ронандагӣ ва 15 ҳазор сомонӣ ҷарима буд.