Боздошти як намоянда дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 15 Jun 2024 09:43:52 GMT )
Июн 15, 2024 14:43 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як намоянда дар Тоҷикистон

Расонаи давлатии Тоҷикистон аз бекорсозии дахлнопазирии парлумонӣ ва боздошти як намояндаи маҷлис дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, ба нақл аз хабаргузории Ховар, Юсуф Раҳмон- додситони кулли Тоҷикистон рӯзи гузашта дар маҷлиси ин кишвар эълом кард: Дахлнопазирии парлумонии Саидҷаъфар Усмонзода-намояндаи маҷлиси Тоҷикистон ба иттиҳоми «ғасби ҳокимият аз роҳи зӯр» бекор ва вай боздошт шудааст.

 Вай ин намояндаи маҷлисро муттаҳам кард, ки дар сентябри сол 2021 бо Шарофуддин Гадоев-муовини созмони «Паймони миллии Тоҷикистон», тамоси телефонӣ дошта ва бо вай «барои ғасби ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавофуқ расидааст.

 Юсуф Раҳмон афзуд: «Шарофуддин Гадоев аз тарафи Муҳиддин Кабирӣ-раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ваъдаи кумаки молӣ ва эъзоми беш аз се ҳазор неруи террористи ҷамоати Ансоруллоҳро аз хориҷи Тоҷикистон ба дохили ин кишвар дода буд.»

Ҳамчунин ин намояндаи маҷлиси Тоҷикистон ба ҷазби афрод ва созмондеҳии гурӯҳҳое дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон муттаҳам шудааст, ки мехостанд дар кӯтоҳтарин фурсат вазъи сиёсии ин кишварро ноором ва бо дар ихтиёр гирифтан марказҳои низомӣ, амниятӣ ва полис, давлати Тоҷикистонро «бо истифода аз зӯр сарнагун кунанд.»

 Додситони кулли Тоҷикистон таъкид дошт: Саидҷаъфар Усмонзода ҳамчунин барои иҷрои ин тарҳҳо аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ дархости 10 миллион доллар карда буд.

 Бар асос иин гузориш, додситонии Тоҷикистон 2 рӯз пеш ҳукми боздошти ин намояндаи маҷлисро содир ва ӯро боздошт кардааст.

 Бар асоси Қонуну асосии ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дастгирии намояндаи Маҷлиси миллӣ ё намояндаи Маҷлиси олии ин кишвар, ба мувофиқати маҷлиси олии Тоҷикистон ниёз аст.

 Як моҳ пеш гурӯҳе аз аъзо ва фаъолони Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Анҷумани изтирории ин ҳизб, Саидҷаъфар Усмонзодаро аз раёсати ҳизб барканор ва ба ҷойи ӯ Шаҳбози Аброр, раиси бахши ҳизб дар шаҳри Душанберо ба раҳбарӣ интихоб карданд. Вазорати адлияи Тоҷикистон 2 ҳафта пеш барканории Саидҷаъфар Усмонзодаро қонунӣ донист.

 Саидҷаъфар Усмонзода аз охирҳои сол 2012 раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва узви маҷлиси ин кишвар буд. Вай ҳамчунин яке аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 буд.