Сентябр 05, 2017 09:32 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи 6 муттаҳами ҳамла ба корманди идораи амнияти Кӯлоб дар додгоҳ

Додситонии шаҳри Кӯлоб дар вилояти Хатлони Тоҷикистон парвандаи 6 муттаҳами ҳамла ба корманди идораи амнияти ин шаҳрро ба додгоҳ ирсол кард.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, манобеи идораи Додситонии шаҳри Кӯлоб гуфтаанд, ки ин 6 нафар аз қабл барномаи ҳамла ба Муҳиддин Юноев, афсари идораи амнияти ин шаҳрро тарроҳӣ ва шаби 13-уми майи имсол иҷро карданд.

 Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон 24 то 31 солаанд ва дар як коргоҳи сохти дару панҷараҳои плостикӣ кор мекунанд.

Юноев ба иллати ҷароҳоти бардошта аз ин ҳамла аз чаҳор моҳи пеш дар бемористони Қаряи болои шаҳри Душанбе таҳти дармон аст.

Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар пайи боздошти ин 6 нафар ангезаи ин иқдомро хусумати шахсии яке аз онон бо Муҳиддин Юноев, афсари идораи амнияти шаҳри Кӯлоб унвон карда буд.

Сомонаи “Ахбор” бо истинод ба манобеи худ таъкид кардааст, ки пеш аз ин замоне, ки кормандони идороти амният ва интизомии Кӯлоб риши ин 6 узви гурӯҳи мамнуаи “салафия”-ро ба иҷбор тарошида буданд, ин афрод таҳдид ба қасдгирӣ карда ва ба эҳтимоли зиёд бо ҳисси интиқомҷӯӣ муртакиб ин ҷиноят шудаанд.

Дар ду соли ахир мақомоти интизомии Тоҷикистон ба баҳонаи мубориза бо фарҳанги бегона, риши садҳо ҷавонро тарошида ва аз ҳиҷоби занон ва духтарон ҷилавгирӣ кардаанд, ки ин иқдомот бо вокунишҳои тунде дар ҷомеа мувоҷеҳ шудааст.

 

Барчасп