Ширкати "Сомон Эйр" парвозҳои худ ба Кобул ва Лоҳурро мутаваққиф кард
(last modified Sun, 14 Aug 2016 08:16:52 GMT )
Август 14, 2016 13:16 Asia/Dushanbe
  • Ширкати

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", парвозҳои хеш ба шаҳрҳои Кобул пойтахти Афғонистон ва Лоҳури Покистонро мутаваққиф кард.

Ба гузориши сойти ширкати "Сомон Эйр", далели ин тасмим кам будани теъдоди мусофирон унвон шудааст ва интизор меравад, ки дар оянда дар ин маврид таҷдиди назар шавад.

Ин тавақуф дар ҳоле аст, ки қаблан мудирияти ширкати ёдшуда эълом карда буд, ки ба далели истиқболи кам аз парвози ҳавопаймоҳо дар ин ду масир, теъдоди парвозҳои ҳафтаии худро аз дубор ба як бор коҳиш медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", дар баҳори соли ҷорӣ (2016) парвоз ба Кобулро пас аз як давра вақфа, дубора аз сар гирифта буд.

Дар ҳоли ҳозир ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба интиқоли мусофирон дар масирҳои Русия, Иморот, Туркия, Олмон, Чин  ва Қазоқистон машғӯл ҳастанд.