Сентябр 16, 2017 09:41 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Парлумони Тоҷикистон: Ҷарима барои ҳиҷоби исломӣ ғайриқонунӣ аст

Намояндаи Парлумони Тоҷикистон амалкарди бархе мақомоти давлатӣ дар таҳдиди бонувони дорои ҳиҷоби исломӣ ба пардохти ҷаримаи молиро ғайриқонунӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, яке аз намояндагони Парлумони Тоҷикистон ва узви Кумитаи ҳуқуқӣ ва қонунгузории ин маҷлис бидуни ифшои номи худ таъкид кардааст, ки дар Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, ки ахиран дар Парлумони ин кишвар ислоҳ ва тасвиб шуд, ҳеч ҷаримае барои истифода аз либоси ғайримиллӣ таъйин нашуда ва амалкарди бархе аз кормандони ниҳодҳои ҳукуматӣ дар бораи таҳдиди бонувони боҳиҷоб ба пардохти ҷаримаи молии ғайриқонунӣ аст.

Ба гуфтаи ин намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар ин қонун фақат аз шаҳрвандони ин кишвар хоста шудааст, ки либоси миллии худро ҳифз кунанд ва ба ин асл мутааҳҳид бошанд, дар айни ҳол ҳеч мамнуияти илзомӣ барои пӯшидани ҳеч либосе таъйин нашудааст.

Вай афзуд, бар асоси Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим, банди марбут ба пардохти ҷаримаи молӣ шомили афродест, ки асли ин қонунро нақз мекунанду дар ин замина ба баҳси либос ишорае нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи ахир коргурӯҳҳои вижаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ба баҳонаи таблиғи фарҳанги миллӣ бонувони дорои пӯшиши исломиро таҳти фишор қарор додаву дар теъдоде аз идорот, марокизи омӯзишиву дармонӣ ва маҳди кӯдакҳо шиори мамнуияти вуруд бо ҳиҷоби исломиро насб кардаанд.

 Бар асоси ислоҳияи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим афроди хилофкор, ки ба нақзи ин қонун муттаҳам мешаванд, аз ҷумла кормандони давлатӣ 25 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Ин ҷарима барои рӯҳониёни мусалмону фаъолони бахши хусусӣ 35 ҳазор сомонӣ таъйин шудааст.

 

Барчасп