Сентябр 19, 2017 09:30 Asia/Dushanbe
  • Даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Мақомот Нерӯи марзбонии Тоҷикистон аз вуқӯи ду даргирии мусаллаҳона бо қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи ин кишвар ва Афғонистон ва кашфу забти беш аз 60 кило ҳашиш ва миқдоре силоҳу муҳиммот хабар додаанд.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Нерӯи марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки ахиран дар ду даргирии ҷудогона дар ноҳияҳои Панҷ ва Ҳамадонӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон ду қочоқчӣ низ кушта шудаанд.

Сухангӯи Нерӯи марзбонии Тоҷикистон афзуд, дар даргирии нахуст бо қочоқчиёни маводи мухаддир, ки қасд доштанд аз марзҳои Афғонистон ба дохили қаламрави Тоҷикистон нуфуз кунанд, як қочоқчӣ кушта шуд ва бақия фирор карданд.

 Хоҷаев гуфт, дар маҳалли ҳодиса 50 кило ҳашиш, як адад силоҳи Калашников, 81 адад тир ва ду норинҷаки дастӣ кашфу мусодира шуд.

Вай бо ишора ба амалиёти дигаре дар дидабонии марзи ноҳияи Ҳамадонӣ, дар марз бо Афғонистон афзуд, дар ин амалиёт низ як қочоқчӣ кушта ва аз маҳалли даргирӣ 13 кило ҳашиш ва миқдоре аслиҳа ва муҳиммот кашфу мусодира шуд.

Тоҷикистон бо Афғонистон ҳазору 380 километр марзи муштарак дорад ва қочоқчиёни маводи мухаддир аз ин масир барои интиқоли анвои маводи мухаддир ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия истифода мекунанд.

 

Барчасп