Сентябр 21, 2017 11:30 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳукми бақияи кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми се корманди пешини Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистонро эълом карда, аммо ин ҳукм бо эътирози бастагони маҳкумон рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, Додгоҳи Олии Тоҷикистон Фирдавс Абдуғаффорзода, мудири собиқи идораи аввали Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молиро ба 13 сол, Сафаралӣ Ҳомидзода, муовини пешини ин ниҳод дар вилояти Хатлон ва Афзалзода, корманди пешини ин ожонсро ба иттиҳоми қаллобӣ, дарёфти ришва ва сӯиистифода аз симмати давлатӣ ба шаш соли зиндон маҳкум кард.

Қаблан Додгоҳи Олии Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода, мудири пешини идораи таҳқиқу бозрасии Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молиро ба 15 сол, Амироҳ Султонзода, мудири пешини идораи таҳқиқу бозрасии ин ниҳод дар шаҳри Душанберо ба 9 сол ва Қосим Саидзода, масъули идораи мубориза бо фасоди молӣ дар бахши ҳамлу нақли ин созмонро ба ҳафт сол зиндон маҳкум карда буд.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон пештар Давлатбек Хайрзода, муовини собиқи раиси Ожонси мубориза бо фасоди молии ин кишвар ва Фаридун Беназирзода, муовини гумруки Хуҷанд ва корманди собиқи ин ожонсро ба иттиҳоми қаллобӣ, дарёфти ришва ва сӯиистифода аз симмати давлатӣ ба 10 солу шаш моҳ зиндон маҳкум карда буд.

Гуфта мешавад, ки бастагони ин афрод ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон алайҳи пайвандонашонро “ноодилонаву ғаразварзона” хонда, аз эътироз ба ин ҳукмҳо хабар додаанд.

Онон муътақиданд, ки ҳеҷ зарурате ба ниҳодани муҳри махфӣ бар парвандаи ин афрод ва муҳокимаи наздиконашон пушти дарҳои баста вуҷуд надошт.