Сентябр 27, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як зани хуҷандӣ барои ҳиҷоби исломӣ

Як бонуи хуҷандӣ, ки ахиран ба иттиҳоми истифода аз ҳиҷоби исломӣ боздошт ва пас аз бозҷӯӣ озод шуд, гуфтааст, ки дар ҳеҷ шароите пӯшиши исломии худро тарк намекунад.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, Наргис Қурбонова, ки дар идораи пулиси маҳаллаи 20-и шаҳри Хуҷанд боздошт ва бозҷӯӣ шудааст, гуфтааст, ки қаблан низ масъули ин шуъба вайро таҳдид карда буд, ки бояд ҳиҷоби исломии худро бардорад.

Масъули ин идора ахиран ба ҳамроҳи як маъмури полис бо вуруд ба хонаи ин шаҳрванди хуҷандӣ, бо тавҳин ва таҳдиди Наргис Қурбонова؟ барои барандоштани ҳиҷоби исломиаш, вайро ба ҳамроҳи писараш ба идораи полис бурдаанд.

 Ин бонуи хуҷандӣ гуфт, дар пайи таҳдидҳои ин ду маъмури полис бо шумораи телефони изтирории идораи полиси шаҳри Хуҷанд тамос гирифтааст ва онон бо баррасии ин моҷаро аз ӯ хостаанд, ки алайҳи ин масъули полис шикоят кунад, ки вай пас аз навиштани ин шикоят озод шудааст.

 Наргис Қурбонова, ки пеш аз ин дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд забони англисӣ дарс медод, ба далели доштани пӯшиши исломӣ ва фишори мудирият маҷбур ба тарки шуғли муаллимӣ шудааст.

Вай гуфтааст, ки ахиран дар бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд полис бонувони дорои пӯшиши исломиро боздошт мекунад.

 Наргис Қурбонова таъкид кардааст, ки теъдоде аз заноне, ки дар ҳамсоягии вай зиндагӣ мекарданд, ба далели афзоиши фишорҳо барои бардоштани ҳиҷоби исломӣ ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба Русия рафтаанд.

 

Барчасп