Имкони қатъи бархе парвозҳо дар Тоҷикистон
Камбуди шадиди сухт(сӯзишворӣ) дар фурудгоҳҳои Русия ва Қазоқистон метавонад ба қатъи бархе парвозҳо дар Тоҷикистон мунҷар шавад.
Русия ва Қазоқистон асоситарин таъминкунандагони сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистон ҳастанд.
Ба гузориши Азия-Плюс ахиран ширкати ҳавопаймоии қазоқистонии Эйр-Остона эълом кардааст, ки чаҳор ширкати русии таъмин кунандаи сӯзишвории ҳавопаймо барои Қазоқистон, интиқоли сӯзишворӣ ба ин кишварро аз моҳона 44 ҳазор тон дар соли 2016 ба моҳона 14 ҳазор тон дар соли 2017 коҳиш додаанд, ки таҳдиди ҷиддӣ барои ояндаи ин парвозҳо ба ҳисоб меояд.
Ин дар ҳолест, ки аз моҳи маи имсол ба далели камбуди сузишворӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҳавопаймоҳои ду ширкати Тоҷик-Эйр ва Сомон-Эйр маҷбур шудаанд, ки барои идомаи парвоз дар масирҳои тӯлонӣ дар шаҳрҳои кишварҳои хориҷи аз ҷумла Қазоқистон сухтгирӣ кунанд, ки замони интиқоли мусофирон ба мақсадро тӯлонитар мекунад.
Ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ки масъулияти таъмини сӯзишвории ҳавопаймоҳои мусофирбриро бар уҳда дорад, қарзи ин ширкатҳоро яке аз омилҳои бурузи ин буҳрон медонад.
Рамазон Қурбонов, яке аз масъулони ин ширкат гуфтааст: Қарзи ширкати Сомон-Эйр бобати пардохт накардани маблағи сухт ба беш аз 27 миллион сомонӣ расида ва қарзи ширкати Тоҷик-Эйр аз ин низ бештар аст.
Ин масъули ширкати воҳиди сӯхтрасони Тоҷикистон таъкид мекунад, ки воридоти бензини ҳавопаймо аз хориҷ танҳо бо пешпардохт имконпазираст, аммо қарзи ду ширкати Тоҷик-Эйр ва Сомон-Эйр маҷоли ин муомиларо намедиҳад.