Октябр 05, 2017 19:47 Asia/Dushanbe
  • Русия дар Тоҷикистон панҷ мактаб месозад

Вазири умури хориҷаи Русия аз тасмими Маскав барои таъсиси панҷ мактаби русӣ дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Сергей Лавров гуфт, ки Маскав ва Душанбе ҳамакнун мавзӯи сохти 5 мактаби русӣ дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.

Лавров афзуд, барпоия тавофуқоти сарони ду кишвар дар моҳи август, 28 омӯзгор аз минтақаҳои гуногуни Русия барои кор дар мактабҳои маҳаллӣ ба Тоҷикистон эъзом шуданд ва 60 ҳазор китоби дарсӣ ба забони русӣ низ ба ин кишвар фиристод шуд.

Ҳамакнун дар Тоҷикистон ҳудуди 30 мактаби мутавассита ба забони русӣ фаъол аст, ки дар онҳо беш аз 17 ҳазор донишомӯз таҳсил мекунанд.

 

Барчасп