Октябр 11, 2017 12:41 Asia/Dushanbe
  • Дифои масъулони ноҳияи Рӯдакӣ аз фарди тавҳинкунанда ба масҷид

Масъулони ноҳияи Рӯдакӣ аз Шокирҷон Холдоров, масъули умури дин ва танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷамоати Чаҳоряккорон, ки ба масҷиди рустои Меҳробод ва намозгузорони он таҳқир карда буд, ҳимоят карданд.

Ба гузориши сайти “Авесто”, Неъматуллоҳ Давлатов, мудири Идораи дин ва танзими маросим дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, ин масҷид фаъолияти ғайриқонунӣ дошт ва борҳо дар ин замина ба намозгузорон тазаккур дода буданд.

Як корманди аршади Идораи дин ва танзими ҷашну маросим дар ноҳияи Рӯдакӣ низ бидуни ифшои номи худ иддао кардааст, Шокирҷон Холдоров ба унвони як корманди дилсӯз аз манофеи ҳукумати Тоҷикистон дифоъ кардааст.

Вай таъкид кардааст, ба хотири фаъолияти ғайриқонунии ин масҷид, рафтори Шокирҷон Холдоров як ҳаракати маъмулӣ маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, ки пас аз интишори навори видеоии тавҳин, таҳдид ва таҳқири намозгузорони ин маркази ибодӣ аз сӯйи Холдоров, бархе масъулони ҷамоати Чаҳоряккорон гуфта буданд, ин масҷид бидуни мушкил ва фаъолияти он қонунӣ аст.

Мақомоти Кумитаи давлатии дини Тоҷикистон низ гуфтаанд, раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи сарнавишти Холдоров тасмим хоҳад гирифт.

 

Барчасп