Октябр 11, 2017 16:19 Asia/Dushanbe
  • Боздошти узви раёсати олии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ

Сухангӯи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ аз боздошти як узви раёсати олии ин ҳизб хабар дод.

Ба гузориши радиои “Озодӣ”, Маҳмудҷон Файзраҳмонов дар баёнияе эълом кард, Мирзораҳим Кузов, маъруф ба Шоҳнаими Карим дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Афинаи Юнон боздошт шуд.

Ба гуфтаи вай, боздошти ин сиёсатмадори 57 - сола дар пайи дархости Тоҷикистон аз Полиси байналмилалӣ (Интерпол) сурат гирифтааст.

Бинобар эъломи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон, Шоҳнаими Карим дар ҷаласаи солонаи ҳуқуқи башари САҲА, ки аз 11 то 22-юми сентябри соли 2017 дар шаҳри Варшава (пойтахти Лаҳистон) баргузор шуд, ширкат карда буд ва сипас дар роҳи бозгашт ба Юнон дар фурӯдгоҳи ин кишвар боздошт шуд.

Баъд аз манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон садҳо тан аз аъзову тарафдорони ин ҳизб Тоҷикистонро тарк карданду бархе аз онҳо ба кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуданд.

 

Барчасп