Октябр 12, 2017 10:00 Asia/Dushanbe
  • Боздошти имомхатиб ва чанд намозгузор ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи “Салафия”

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд имоми ҷамоат ва чаҳор намозгузори як масҷид дар шаҳраки Чоруқдаррон? дар шимоли Хуҷандро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи “Салафия” боздошт кардаанд.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, Илҳомиддин Абдуллоеви 42 сола, имоми масҷиди шаҳраки Чоруқдаррон донишомӯхтаи Донишгоҳи исломии Кувайт аст ва чаҳор намозгузори боздоштшуда низ коргарони чанд воҳиди тавлидӣ ҳастанд.

Наргис Бердиева, котиби Шӯрои намояндагони шаҳраки Чоруқдаррон бо таъйиди ин хабар гуфтааст, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ин афродро ба таблиғи ошкори афкори гурӯҳи мамнуаи “Салафия” муттаҳам кардаанд.

Додситонии шаҳри Гулистон алайҳи ин панҷ нафар парвандаи ҷиноӣ ташкил додааст.

 Ҳамчунин Абдусайид Амонов, масъули Идораи умури дин ва танзими ҷашну маросим дар вилояти Суғд гуфтааст, ин нахустин маврид аз боздошти имоми як масҷид дар шимоли Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи мамнуаи “Салафия” аст.

Ба гуфтаи вай, дар соли 2016 ҳудуди 20 нафар аз имомхатибони масҷидҳои ҷомеи вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои Ихвон-ал-Муслимин ва “Салафия” боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд.

Аммо Тилав Расулзода, коршинос ва рӯзноманигори тоҷик муътақид аст, боздошту зиндонӣ кардани афрод ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ роҳи ҳалли мушкил нест, зеро бархе аз ин афрод ҳеч таҳдиде алайҳи амнияти миллии Тоҷикистон ба ҳисоб намеоянд.

 Вай таъкид мекунад, ба ҷойи дар пеш гирифтани равишҳои саркӯб ва боздошту зиндонӣ кардани афрод, кори таблиғотӣ бо ҳадафи равшансозии афкори мардум ва ба вижа ҷавонон аз хатароти ин созмонҳо муассиртар хоҳад буд.

 

Барчасп