Боздошти мудири ширкати “Имкон – 2015” баъд аз шикояти Нурбибӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i24453-Боздошти_мудири_ширкати_Имкон_2015_баъд_аз_шикояти_Нурбибӣ
Мудири ширкати “Имкон – 2015”, ки масъули фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистон буд, боздошт шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 12, 2017 08:34 Asia/Dushanbe
  • Боздошти мудири ширкати “Имкон – 2015” баъд аз шикояти Нурбибӣ

Мудири ширкати “Имкон – 2015”, ки масъули фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Арабистон буд, боздошт шуд.

Ба гузориши сайти “Озодагон”, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, мудири 63 - солаи “Имкон – 2015” дар пайи дарёфти шикояти Нурбибӣ Мансурова, модари 15 фарзанд, ки сокини ноҳияи Восеъ буд, дастгир шуд.

Ин бонӯи 54 - солаи тоҷик ба мақомоти полис гуфта буд, дар августи соли 2016 мудири ширкати “Имкон – 2015” вайро бо ваъдаи таъмини кор дар хориҷ аз кишвар, ба шаҳри Риёз, пойтахти Арабистон бурдаву ба муддати як солу ду моҳ бидуни пардохти ҳеч дастмузде маҷбур ба кор кардааст.

Пас аз ин шикоят полис мудири ширкатро дастгир кард ва таҳқиқот ҳамчунон идома дорад.

Нурбибӣ Мансурова пас аз он ки шароити тоқатфарсои кораш дар Арабистонро аз тариқи шабакаҳои интернетӣ мунташир карда буд, бо талоши намояндагии Тоҷикистон дар Риёз озод шуд.