Октябр 14, 2017 11:27 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи қонуни нави осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия

Дар сурати тасвиби тарҳи қонуни нав барои осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар иқдом кунанд.

Ба гузориши сайти “ТОП.ТҶ”, ин қонун нисбат ба қонунҳои қаблӣ шароити осонтареро барои дарёфти шаҳрвандии Русия ироа мекунад, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад роҳаттару зудтар шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд.

Юсуф Дискин, раиси Камиссиюни танзими равобити байналмилалӣ ва узви Шӯрои иҷтимоии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Русия дар шарҳи ин қонун гуфтааст, барои ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар танҳо донистани забони русӣ ва риояти муқаррароти зиндагӣ ва одобу фарҳанги ин кишвар кофӣ аст.

Вай таъкид кардааст, донишомӯзон, донишҷӯён ва аъзои хонаводаҳои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки ҳазор вожаи русиро азёд донанд, дар авлавияти дарёфти шаҳрвандии Русия қарор хоҳанд гирифт.

 Ҳамчунин агар бар асоси қонуни қаблӣ муҳлати дарёфт тобеияти Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ панҷ сол бошад, дар қонуни нав ин муҳлат ба шаш моҳ маҳдуд хоҳад шуд.

Ин тарҳ бо истиқболи теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия рӯбарӯ шудааст.

Ба эътиқоди онон, бо тасвиби қонуни нав барои осонсозии дарёфти шаҳрвандии Русия, садҳо ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ ва аъзои хонаводаҳои онон барои касби ин мавқеият иқдом хоҳанд кард. Зеро бо дарёфти шаҳрвандии Русия ин афрод аз дарёфти иҷозатномаи моҳонаи кор, сабти ном дар маҳалли иқомат ва бархурди хашини полиси Русия наҷот пайдо мекунанд.

Кишвари Русия ба иллати коҳиши ҷамъият ва ниёз ба нерӯи кории ҷавон маҷбур аст ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандӣ диҳад.

Бар асоси омори расмӣ тайи беш аз ду даҳаи гузашта, илова бар як миллион нафар аз русзабононе, ки аз Тоҷикистон ба Русия кӯч кардаву шаҳрвандӣ  гирифтаанд, 300 ҳазор тан аз тоҷикистониҳо низ муваффақ ба дарёфти шаҳрвандии Русия шудаанд.

 

Барчасп