Октябр 15, 2017 11:56 Asia/Dushanbe
  • Нақши Русия дар боло бурдани тавони размии артиши Тоҷикистон

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар пажӯҳишгоҳи роҳбурдии Русия мегӯяд, тайи солҳои гузашта бо кумаки Маскав, артиши Тоҷикистон тавони размии худро ба таври қобили мулоҳизае боло бурдааст.

Ба гузориши Спутник, Димитрий Попов гуфтааст, танҳо тайи соли ҷорӣ Русия барои неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон панҷ ягони вижаи амалиётӣ омода кард, ки ба тақвияти ҳифозат аз марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон кумак мекунад.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир 560 нафар аз афсарони тоҷик аз сӯи Вазорати дифои Русия бурсия шудаанд ва дар донишгоҳҳои низомии ин кишвар дар ҳоли омӯзиш ҳастанд.

Ҳамчунин дар пойгоҳи низомии 201 артиши Русия дар Тоҷикистон, ҳамасола беш аз як ҳазор нафар аз низомиёни тоҷик давраҳои омӯзишии мухталиферо бар асоси ниёзи неруҳои мусаллаҳи ин кишвар фаро мегиранд.

Димитрий Попов бо ишора ба суханони ахири Сергей Шойгу вазири дифои Русия, ки гуфта буд, таҷҳизи артиши Тоҷикистон ба авзои Афғонистон бастагӣ дорад, хостори омузиши низомиёни тоҷик шудааст.

Вай таъкид мекунад, ин омӯзишҳо барои истифода аз таслиҳоти пешрафта дар муқобила бо таҳаррукоти эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротии мустақар дар марзи ин кишвар бо Афғонистон, лозим аст.

Ин коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар пажӯҳишгоҳи роҳбурдии Русия мегӯяд, дар заминаи омӯзиши низомиён тоҷик тамоми имконоти мавриди ниёз дар пойгоҳи 201 артиши Русия мустақар дар Тоҷикистон вуҷуд дорад ва ҳамкории ин ду кишвар дар таъмини амнияти минтақа муҳим аст.

 

Барчасп