Як коршинос: Ҷазб шудани коргарони муҳоҷир дар Русия ба террористҳо нодуруст аст
Мудири Маркази таҳлилии "Шарқ" дар Душанбе иддаои бархе аз мақомоти Идораи муфтиёти Русия дар бораи ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро нодуруст хонд.
Ба гузориши сайти "ТОП ТҶ", Музаффар Олимов гуфтааст, бисёре аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ба вижа ҷавонон барои таъмини маишати худ ва хонаводаҳояшон ба Русия мераванд ва танҳо теъдоди андаке аз ин афрод ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, ки бояд решаи ин гароиш мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Вай яке аз авомили ҷазби коргарони ҷавони муҳоҷир ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар Русияро бархурди хашини маъмурони интизомии ин кишвар бо онҳо донистааст.
Ба эътиқоди вай, тавҳину таҳдид ба ихроҷ, зӯргирӣ, пардохт нашудани тӯлонимуддати маошу дастмуздҳои коргарони муҳоҷир боис мешавад мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ дар миёни ин афрод нуфуз кардаву бо доданм ваъдам пардохтм пулҳои ҳангуфт ин ҷавононро ба сафи созмонҳои террористӣ ҷазб кунанд.
Мудири Маркази таҳлилии "Шарқ" таъкид кардааст, бо ин истидлол, дидани ҳар коргари муҳоҷир ба чашми як террористи эҳтимолӣ кори дурусте нест ва расонаҳои хабарии Русия бояд ин тасаввури иштибоҳро аз зеҳни ҷомеа пок кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Алберт Крганов, раиси Маҷмаи рӯҳонии мусалмонони Русия ва муфтии шаҳри Маскав дар як нишасти хабарӣ аз ташкили як гурӯҳи ифротӣ-террористии тозатаъсис бо номи "Хуросон" хабар додааст, ки бо узвияти чанд ҳазор нафар аз ҷангҷӯёни кишварҳои мухталиф хатари воқеӣ барои кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон маҳсуб мешавад.
Вай муддаӣ аст, ки коргарони ҷавони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия ба ҳоли худ раҳо шудаанд ва ба ҳамин хотир таҳти таъсири афкори мухарриби мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ қарор мегиранд.