Октябр 22, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Русия: Коргарони муҳоҷир террорист нестанд

Имомиддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия иттиҳоми бархе аз мақомоти идораи муфтиёни мусулмонони ин кишвар мабнӣ бар иртиботи коргарони муҳоҷири тоҷик бо гурӯҳҳои террористиро рад кард.

Ба гузориши Спутник, ахиран Алберт Крганов муфтии шаҳри Маскав муддаӣ шуда буд, мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ дар миёни коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба шиддат нуфуз кардаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, бисёре аз ин коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба вижа ҷавонон барои таъмини зиндагии худ ва хонаводаҳояшон ба Русия мераванд ва ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои ифротӣ надоранд.

Сатторов мӯътақид аст, коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар бархе мавридҳо то шаш моҳ наметавонанд ҳуқуқ ва дастмузди худро дарёфт кунанд.

Ба гуфтаи вай фишори полиси Русия бар рӯйи ин коргарон аз як сӯ ва риоят нашудани ҳуқуқи иҷтимоии онон аз сӯи дигар, боис шуда ин коргарони муҳоҷири Тоҷикистони аз дидани нируҳои полиси Русия воҳима дошта бошанд, ки ин падидаи ногувори равонӣ бояд тағйир кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Алберт Крганов узви идораи муфтиёни мусулмонони Русия ва муфтии шаҳри Маскав дар як нишасти хабарӣ аз ташкили як гурӯҳи ифротӣ-террористии тозатаъсис бо номи «Хуросон» хабар дода буд.

Ба гуфтаи вай ин гурӯҳ бо узвияти чандҳазор нафар аз ҷангҷӯёни кишварҳои мухталиф, хатари воқеӣ барои кишварҳои Тоҷикистон ва Туркманистон маҳсуб мешавад.

Ин муфтии шаҳри Маскав муддаӣ аст, коргарони ҷавони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия ба ҳоли худ раҳо шудаанд ва ба ҳамин хотир таҳти таъсири афкори мухарриби мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ қарор мегиранд.

 

Барчасп