Ноябр 04, 2017 13:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 18 дарсадии интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон

Раиси Кумитаи иқтисод, буҷет ва молиёти Парлумони Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми интиқоли пул тавассути муҳоҷирони кории тоҷик хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шариф Раҳимзода дар ҷараёни иҷлоси Кумитаи парлумонии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳои ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупо афзуд, тавлиди нохолиси дохилии Русия дар 9 моҳаи аввали соли ҷорӣ 1. 7 дарсад афзоиш ва нархи таваррум 3. 4 дарсадро ташкил додааст.

Ба гуфтаи вай, шохиси эътимоди тоҷирон, дастмузди воқеӣ ва ҳаҷми эътибори масрафкунанда сайри суудӣ (болоравӣ) доштааст.

Раҳимзода ҳамчунин гуфт, Сандуқи Байналмилалии Пул дар соли 2017-и мелодӣ рушди 1. 8 дарсадии тавлиди нохолиси дохилии Русияро пешбинӣ кардааст.

Ба гуфтаи вай, ин шохис афзоиши ҳаҷми интиқоли пул аз сӯйи муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан ва ҳамзамон зиёдшавии даромади молии ҷамъияти Тоҷикистонро ба дунбол доштааст.

Интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тайи 9 моҳи ахири соли гузаштаи мелодӣ беш аз 1. 4 миллиард доллар буд, ки бо дар назар гирифтани афзоиши 18 дарсадӣ тайи соли ҷорӣ, мизони интиқоли пул ба ин кишвар тайи ин муддат ҳудуди 1. 7 миллиард доллар баровард шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи ду соли гузашта бо тавваҷуҳ ба уфти иқтисоди Русия, ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон рӯ ба коҳиш буд.

 

Барчасп