Афзоиши ҳаждаҳ дарсадии интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон
Раиси Кумитаи иқтисодиёт, буҷет, молия ва андози Парлумони Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми интиқоли пул тавассути муҳоҷирони кории тоҷик хабар дод.
Шариф Раҳимзода, Раиси Кумитаи иқтисодиёт, буҷет, молия ва андози Парлумони Тоҷикистон дар ҷарёни Иҷлоси кумитаи парлумон дар заминаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз афзоиши 18 дарсадии интиқоли пул тавассути муҳоҷирони корӣ аз Русия хабар дод .
Ба гуфтаи ин мақоми тоҷик, тавлиди нохолиси дохилии Русия дар 9 моҳаи аввали соли ҷорӣ 1.7 дарсад афзоиш ва сатҳи таваррум 3.4 дарсадро ташкил дода ва шохиси эътимоди тоҷирон, дастмузди воқеӣ ва ҳаҷми эътибори масрафкунанда сайри суудӣ доштааст .
Вай ҳамчунин афзуд, ки ин шохиси афзоиши ҳаҷми интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан ҳамзамон сууди даромади молии ҷамъияти Тоҷикистонро ба дунбол доштааст .
Воқеият он аст, ки интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон таи 9 моҳи соли гузашта беш аз 1.4 миллиард доллар буда, ки бо дар назар гирифтани афзоиши 18 дарсадӣ таи соли ҷорӣ, мизони интиқоли пул ба ин кишвар таи ин муддат ҳудуди 1.7 миллиард доллар баровард шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки таи ду соли ахир бо таваҷҷуҳ ба уфти иқтисоди Русия, ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон рӯ ба коҳиш буд.
Нигоҳе ба пешинаи таъсиргузории нерӯи муҳоҷири кории тоҷик ба Русия нишон медиҳад, ки ин таъсиргузорӣ таи солҳои ахир шакле мавҷӣ доштааст, ки бетаъсир аз рафтори корфармоёни рус ва ё аъмоли табъиз дар иҷрои қавонини кор дар Русия дар қиболи нерӯи кори муҳоҷири тоҷик бо дигар муҳоҷирон набудааст .
Ҳарчанд, ки бархе маҳофили иқтисодӣ иллати афзоиши даромадҳои Тоҷикистон аз маҳалли арзи дарёфтии нерӯи кори муҳоҷири тоҷикро пешнависи тавофуқномаи пардохти нафақаи бознишастагӣ ба нерӯи кори муҳоҷири тоҷик то соли 2018 медонанд, ки байни Русияву Тоҷикистон имзо шуд, аммо набояд ин мавзуъро фаромуш кард, ки раванди суудии ҳосил аз даромадҳои нерӯи кори муҳоҷири тоҷик аз ибтидои соли гузашта рақам хурдааст .
Тавофуқномае, ки ба заъми соҳибназарони иқтисодӣ, беш аз онки барои Тоҷикистон муфид бошад, барои беҳбуди вазъи иқтисодии Русия муфид будааст, чун пардохтҳои муҳоҷирони корӣ сандуқи суғуртаи иҷтимоии ин кишварро ғанӣ хоҳад кард.
Бо ин ҳама, нигоҳе ба омори ҳузури 800 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ва миёнгини маоши моҳонаи ин идда, ки ҳар кадом рақаме муодили 500 то 600 доллар аст, нақше таъинкунанда дар иқтисоди хонавори ҷомеаи Тоҷикистон ва иқтисоди калони ин кишвар доштааст.
Аз тарафе Ҳафиз Бобоёров, файлсуфи тоҷики муътақид аст, истиқлоли Тоҷикистон дар оянда, дар гаравии ҳалли се мушкили асосии ин кишвар аст. Вай бар ин бовар аст, Тоҷикистон бояд барои ҳалли се мушкили ақибмондагии илмӣ ва фанноварӣ, бекорӣ ва муҳоҷирати коргарон иқдом кунад .
Мумкин аст, мақомоти тоҷик ба ҷиҳати тангноҳои молӣ, ки дар ҳоли ҳозир бо он дасту панҷа нарм мекунанд, бо даромадҳои ҳосил аз арзҳои воридотии нерӯи кори муҳоҷир пур шавад ва эҳсоси ризоят кунанд, аммо дар баландмуддат бояд нимнигоҳе ба ҳифзи истиқлоли молӣ ва сиёсии худ дошта бошанд. Мавзуе, ки дар солҳои ахир соҳибназарони тоҷик садои занги хатари онро шунидаанд ва ин мавзуъро ба раҳбарони Душанбе гушзад кардаанд .