Декабр 02, 2017 12:53 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси ҳазинаи сафари ҳаҷ ба сохти пули иртиботӣ

Бобомулло Эсоев, як сокини деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент, 60 ҳазор сомонӣ маблағи барои зиёрати Ҳаҷ ҷамъовардаашро барои сохтмони як пули мошингузар масраф намудааст.

Ба иттилои Ховар, ин пул як мушкили сахти сокинони 10 рустои ҷамоати Рӯдакиро осон кард.

Ин пулро дар мавзеъи Чилдухтарони деҳаи Зери Ҳисори ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, дар як ҷое ки қаблан як мавзеи хафвноку селраҳа буд, бунёд шудааст. Аз ин лиҳоз дар пайи боришоти зиёди борон ҳар сол ҳамин роҳ вайрон шудаву равуои мусофирон ва убуру мурури васоити нақлия ба мушкилоти сангин рӯ ба рӯ мешудаанд.

Дарозии пули мазкур 10 метр ва баландиаш аз замин 7 метрро ташкил дода, бо маблағи 60000 сомонӣ ё наздики 7000 доллар бунёд гардидааст.

Дар соли 2014 Башорат Сайфиева, як сокини 80-солаи шаҳри Панҷакент, маблағҳои аз нафақааш ҷамъовардаи худро барои тармими кӯчаи хеш масраф карда буд.

Ду моҳ пеш омӯзгор ва адиби сокини шаҳри Кӯлоб Абдулҳамид Гулаҳмадов ихтиёран аз сафари Ҳаҷ даст кашида, бо 52 ҳазор сомонӣ пасандози аз пули нафақа ва ҳаққи қалам барои зиёрати Хонаи Худо ҷамъовардааш барои як маҳаллаи навбунёди Кӯлоб нерӯи барқ гузаронд.