Декабр 03, 2017 10:34 Asia/Dushanbe
  • Бориши нахустин барфи зимистонӣ дар Хуҷанд

Бориши нахустин барфи зимистонӣ шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистонро сафедпӯш кард.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, ба далели бориши пай дарпайи барф дар шаҳри Хуҷанд, тайи 2 рӯзи ахир маркази вилояти Суғд сафедпӯш шуд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд гуфтаанд, ки боришоти ахир бо омадани борон оғоз шуд ва ба тадриҷ ба барф табдил гардид. Дар пайи бориши барфи зиёд, акнун тамоми биноҳои маркази вилояти Суғд, қабои сафед дарбар кардаанд.

Аз сӯи дигар Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои чанд рӯзи оянда дар ин кишвар бориши барфи зиёд, сард шудани ҳаво ва яхбандон дар роҳҳои кӯҳистонӣ дар назар аст. Аз ин рӯ, аз ронандагони васоили нақлия дархост шудааст, ки ҳангоми сафар бо худ занҷири чарх, сӯхти изофӣ, чароғи дастӣ ва либоси гарм ба ҳамроҳ дошта бошанд. Бар асоси таҷориби солҳои қабл, аксари ҳаводиси ронандагӣ дар масири Душанбе – Хуҷанд иттифоқ меафтад, ки дар соли 2016 бар асари резиши тарма дар ин роҳ, теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуданд.

Ҳамчунин Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки бориши барф ва сард шудани ҳаво дар ин кишвар то рӯзи 6 декабри соли ҷорӣ идома хоҳад дошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ аз шаҳрвандони ин кишвар хоста аст, ки аз сафарҳои ғайри зарурӣ дар роҳҳои кӯҳистонӣ худдорӣ карда ба шикор низ нараванд.